Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Дар Душанбе оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ мулоқот доир гардид

243298958 552325836061185 8687694572236779453 n

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ имрӯз мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезан Синаноғлу баргузор шуд, хабар доданд аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ  «Ховар».Дар мулоқот Муҳаммадсаид Файзуллозода изҳор намуд, ки шароити кунунии ҷаҳони муосир талаб менамояд, то ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар ин самт боз ҳам вусъат бахшида шавад.Дар асоси пешниҳоди СММ ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2020 бо ҷалби шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ муколамаҳои Саммити низоми озуқаворӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он, инчунин сохтани нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баргузор гардид, ки дар асоси он лоиҳаи «Барномаи миллии муассири низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таҳия гардид.Татбиқу амалигардии лоиҳаи барномаи мазкур дар заминаи  дастгирии шарикони рушд барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва иҷрои яке аз ҳадафҳои афзалиятноки  стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда хизмат намояд.

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.