Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ бо роҳбари лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

mulokot dar KBO

Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти содагардонии расмиёти савдо ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ мулоқоти раиси Кумита Муҳаммадсаид Файзуллозода бо роҳбари лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ хонум Фелиситас Зик баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.Дар мулоқот роҳбарияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ изҳор намуд, ки дар идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати беҳтаргардонии шароити корӣ ва содагардонии самтҳои фаъолият, аз ҷумла дар ташкили шабакаҳои дохилӣ (серверӣ) ва барномаи ягона барои содагардонии расмиёти савдо дар заминаи татбиқи ҳукумати электоронӣ, аз ҷониби лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ дар ин самт дастгирӣ карда шавад. Зеро рушди соҳаро дар самти содагардонии расмиёти савдо ва таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар замони муосир бе татбиқи ҳукумати электронӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.«Таҷрибаи кишварҳои пешрафта собит намудааст, ки бо татбиқи ҳукумати электронӣ ва ташкили шабакаҳои дохилӣ онҳо тавонистанд маҳсулоти озуқавориро аз саҳро ва ё ферма то ба истеҳсол, коркард, бастабандӣ, ворид ба бозори истеъмолӣ ва содирот намудан зери назорати доимӣ  қарор диҳанд»,-афзуд Муҳаммадсаид Файзуллозода.Вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо ҳамкорӣ идома ёфта, доир ба ташкили шабакаҳои дохилии Кумита дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ оид ба пешбурди самтҳои фаъолият, бозомӯзии кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ, инчунин ҷиҳати пиёда намудани сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз бахшҳои он содагардони расмиёти савдо дар кишвар аст, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.