Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Нақши ВАО дар давраи пандемияи COVID-19”

 

covid191

Рӯзҳри 18-20  ноябри соли 2021 бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” тренинги омӯзишӣ барои рӯзноманигорони васоити ахбори омма (ВАО) ва намояндагони марказҳои матбуотии вазорату кумитаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID-19”  доир гардид.

Ҳадафи тренинги омӯзишӣ-баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии намояндагони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ВАО дар давраи пандемияи COVID-19 буда, дар он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунзода, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло ва дигар тренерони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Боиси хурсандист, ки дар ин тренинги омӯзишӣ иштирокчиён ба худ таасуроти нек бардошта, аз ҷумла намояндаи бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирк намуда, дар фарҷоми тренинг аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо сертификат сарфароз гардиданд.

covid19

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии орзуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.