Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Эҳтироми Парчам-эҳтиром нисбат ба миллат, таърих ва дигар муқаддасоти кишвар аст.

  majlis11

        Субҳи имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.   

Ҷаласаи мазкур бо мақсади рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон   роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарияти Кумита, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви КМИР Хидирзода Махфиратраиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳову бахшҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

       Нахуст ҷаласа таҳти садо додани  Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас раиси  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло бо суханони табрикотии худ ҳозиринро ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад самимона шодбош гуфтанд.

        Ҳамчунин қайд намуданд, ки раванди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони бисёр ҳассос ва вазъи душвори сиёсию иқтисодии кишвар сурат гирифта, бо  вуҷуди ин Роҳбари тозаинтихоби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи қабули муқаддасоти миллӣ ва ба ин васила муттаҳид сохтани тарафҳои даргир қадамҳои устувор гузоштанд.

       Зимни ҷаласа доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви КМИР Хидирзода Махфират суханрони намуда, иброз доштанд, ки  Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.   Дар идомаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим нақш ва мавқеи Парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ изҳор дошта, баъдан  як қатор кормандони Кумитаро бо ифтихорномаву сипосномаи сарфароз гардониданд.

       Ҳамчунин тибқи барнома, аз ҷониби кормандони ҷавони Кумита  шеъру суханҳо, ки тарранумгари васфи Парчами давлатӣ буданд, қироат карда шуд. Сипас филми мустанад, ки  дар он  таърихи парчаму парчамдории мо тоҷикон буд, тариқи монитор пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

         Дар фарҷоми ҷаласа шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб вобаста ба гузашта, дирӯзу-имрӯзи Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, бо шеърҳои қироатнамудаи худ ба ҷаласа ҳусни хоса зам намуд.   

bayrak1

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.