Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

ozmun

          Нимаи дуюми рӯзи 29 ноябри соли 2021 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи эълони додашуда, ки қаблан он дар нашрияҳои расмӣ эълон гардида буд, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тибқи тартиби муайянгардида, гузаронида шуд. Бо мақсади шаффофу одилона баргузор намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ ва ҷалб намудани мутахассисони соҳибмаълумот, ботаҷриба, кордону соҳибмаърифат, дар ҳайати Комиссияи озмунӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Бояд гуфт, ки аз 12 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии дар эълон дарҷ гардида, 14 нафар довталаб муроҷиат ва фаъолона иштирок намуданд.Дар фарҷоми озмун бо қарори Комиссияи озмунӣ довталабони арзандаю соҳибтаҷриба барои таъин гардидан ба мансабҳо тавсия дода шуданд.

 

 

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.