Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ – ДАСТУРИ РАҲНАМО

payom1Санаи 21 декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва  хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.              

  Дар ин асно дар қатори дигар вазорату идораҳо кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки муовинони раис, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳову бахшҳо бо як самимияти хосса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона паёмро тамошо карданд, зеро Паём роҳнамо барои зиндагии шоистаи мардум аст.

    Қобили зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ-яъне ҷашни умумимиллӣ 30 солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Мо ҷавонони даврони истиқлол ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро барои дастгирии ҳамаҷонибаашон нисбати мо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи асосии худ шуморида, нерӯи созандаи худро ба кишвари ободу пешрафта Тоҷикистони биҳиштосо равона месозем.       

  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 20222026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд». Инчунин, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».

    Яке аз ҳадафҳои Паёми навбатӣ барои боз ҳам вусъат ва баланд намудани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ қарор дошт. Зеро талаботи асосии замони муосир омӯзиши забони хориҷӣ мебошад. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ин раванд сол аз сол зиёд гардида, дар даҳсолаи оянда яке аз талаботҳои асосии ба кор қабул намудан дар хизмати давлатӣ ба таври ҳатмӣ донистани забони русӣ ва англисиро ҳамчун забони модарӣ пурра аз бар намудан зарур шумориданд. Ин талабот аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати забондонии ҷомеа дар ин раванд саривақтӣ буда, он метавонад баҳри равнақу густариш дар замони муосири ҷаҳонишавӣ устувории давлатдориро аз ҳар ҷиҳат таъмин намояд. Муҳиммияти ин гуфтаҳо ҳамчунин дар он зоҳир мегардад, ки бояд ҷомеаи навини тоҷик барои ба ҷаҳони муосир пайвастан ва самаранок идора намудани давлат омӯзиши забонҳои хориҷиро васеъ ба роҳ монанд.

  Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад.

payom

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳзурии Тоҷикистон


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.