Хабарҳо
Омори расмӣ
Робита бо ҷомеа
Робитаҳои байналмилалӣ
Забон

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.

Пресс-Релиз

Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаурети мукофотҳои давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва Мирзо Турсунзода, Гулназар Келдӣ ва Раиси Кумитаи бехатарии озуқавори Камолзода Фарҳод Воҳид баргузор гардид. Дар оғози ҷамъомад Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни Забони давлатӣ табрик намуда, суханро ба Гулназар Келдӣ доданд.

Муаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ баъди сухани табрикотӣ, аз нақши таърихии забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўшду такаммули забони давлатӣ ва таърихи қабули суруди миллӣ суханронӣ карданд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ба суолҳои сершумори кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Дар анҷоми ҷаласа Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Камолзода Фарҳод Воҳид ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва рўшду нумўи он дар оянда ҳар як фарди тоҷик масъулият дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки ба забони давлатӣ арҷгузорӣ намуда, дар покизагии он саҳмгузор бошем.


Қарзи фарзандӣ ва рисолати мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дўст дорем.
Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рўзи Забони давлатӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки Гулназар Келдӣ

Санаи 6 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Пеш аз оғоз ба толор парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ворид гардида, суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандўсти кулли кормандони Кумита сароиданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид кормандони Кумитаро бо ин рўзи муборак табрик намуда, оид ба дастовардҳои замони Истиқлолият, ҳадафҳои стратегии кишвар ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд .

Инчунин дар рафти ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


Истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад
Эмомалӣ Раҳмон

Қарорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад...

Назорати фитосанитарӣ

Анҷом додани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

Назорати тухмӣ

ташкил ва амалӣ намудани назорати навъҳо ва тухмии гурўҳҳои алоҳидаи тухмӣ


Сайт находится в стадии разработки