Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ҶАШНИ «САДА» ҲАМЧУН РАМЗИ НИЁГОН

 «Сада» ба монанди «Наврӯз» ва «Мехргон» таҷасумгари суннатҳои неки  инсонист,  ки файзу баракати хони пурнеъмати  кишоварзонро инъикос мекунад. Бинобар ин  зарур аст, ки иди «Сада» бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир,  анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик,  ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ ондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат мекунад.

Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, 
 Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили бошукӯҳӣ иди «Сада» дар Тоҷикистон

        Оид ба пайдоиши «Сада» дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ  шоирону адибони миллати тоҷик, аз ҷумла Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Фирдавсӣ, Хайём ва даҳҳои дигар андешаҳои гуногунро дидан мумкин аст. Аммо саҳеҳтаринаш он аст, ки  «Сада»  аз шумораи 100 гирифта шуда, 50 шаб ва 50 рӯзро дарбар мегирад ва он аз фарорасии Наврӯз дарак медиҳад. Чашни «Сада» ба ягон дину мазҳаб марбут набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим гузаштагони мо онро таҷлил мекарданд ва дар ин рӯз болои кӯҳу тепаҳо баромада, оташ меафрухтанд ва ҳамчунин дар ҳалқаи ёру дӯстон, назди оташ суруду таронаҳо хонда, хурсандӣ менамуданд.  Хурсандӣ азон мекарданд, ки фасли сармо мераваду мавсими баҳорон фаро мерсад. 

     Гузаштагони миллати тоҷик ба соҳаи кишоварзӣ шавқу завқ ва алоқамандии зиёд дошта, ба истифодаи пурсамари замин ва чорвопарварӣ таваҷҷуҳи хосса медоданд. Азбаски  ҷашни «Сада» аз сипарӣ шудани зимистону наздик шудани фасли баҳор, фарорасии Наврӯз мужда медод, кишоварзон ин ҷашнро бесаброна интизор мешуданд. Маҳз ҳамин аст, ки «Сада»-ро ҷашни ҳамагон ном мебаранд.

    «Сада» то охири асрҳои 12 ҷашн гирифта мешуд. Аммо бо мурури замон таҷлили он миёни мардум коста гардид.  Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни «Сада» мавқеи ба худ хосро пайдо кард ва бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  он дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. 

      Ба андешаи олимони соҳа «Сада» дар баробари «Меҳргон» ба соҳаи кишоварзӣ алоқамандии зиёд дошта, деҳқонону кишоварзон бо омадани ин ҷашн ба маъракаи кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинанд. Имрӯз деҳконону кишоварзон ва умуман мардуми шарифи кишвар бо фарорасии ҷашни «Сада» ҷуйбору заҳкашҳоро тоза намуда, якобмонии боғу токзор, обшуйкунии хокҳоро ба анҷом мерасонанд. 

       Солҳои охир дар зери сиёсати аграрии Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни «Сада» бо шукуҳу шаҳомати хосса дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат таҷлил карда мешавад. Дар рӯзҳои ҷашни «Сада» дар саросари кишвар, ярмарка фурӯши ниҳол, тухмиҳои зироати гуногун, кӯчати гулҳо ва дигар намуди маҳсулот бо иштироки кишоварзону хоҷагидорон роҳандозӣ мегардад. 

        Умед дорем, ки соли 2020 бо  таҷлили ҷашни «Сада» ва омад омади фасли баҳору Наврӯз меҳру вафо, равшанию гармӣ ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар боз ҳам таъмин ва қадамҳо дар самти расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатрии он  устувортар мегарданд.                                                                                                                                                                            

 

          Олимҷон Забирзода

Сардори бахши иттилоот вар обита бо ҷомеаи

   Кумитаи бехатрии озуқавории назди 

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон