Баргузории озмун дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 13 феврали соли 2020, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизматӣ баргузор гардид. Пас аз эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ тариқи шабакаҳои телевизионию радиоӣ барои 30 ҷойи аз рӯи вазифаҳои пешниҳодшуда беш аз 40 нафар довталаб иштирок намуданд. Барои шаффоф гузаштани озмун ва интихоби қадрҳои бо донишу малака ва соҳибтаҷриба намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.