Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Баррасии фаъолияти шашмоҳаи кории Кумитаи бехтарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

jamsti

 

jambasti1

Санаи 13.07 соли 2020 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, муовинон сардорони раёсат, шуъба, бахш ва мудирони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолияти шашмоҳаи мақомоти бехатарии озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.Муовини раиси Кумита сараввал вобаста ба дастовард ва мушкилотҳои соҳавӣ дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 баромад намуда, дар раванди музокира ҳалли масалаҳои ҷой дошта аз ҷониби роҳбарияти Кумита муҳокима ва мавриди таҳлил қарор дода шуд.Таъкид карда шуд, ки солими аҳолӣ аз истеъмоли маҳсулоти бехтари озуқаворӣ вобаста аст. Бо ин мақсад ҳар дастурҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ ба Кумита фармоиш дода мешавад, сарбаландона он бояд дар заминаи тадбиқи қонун ва барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ саривақт иҷро гарданд.Аз ин рӯ назорат ва таъмини маҳсулоти бехатари озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ рисолати асосии фаъолияти кории мақомоти бехатрии озуқавориро ташкил дода, маҳз бо густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маданияти хариду фуруш ва истеъмолии аҳолӣ ва таҳияи ролику барномаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ин самт, имкон медиҳад мо ба ҳадафи дар пешгузоштаи худ яне таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатрии он  ноил  гардем зикр карда шуд дар натиҷагирии ҷамбасти нимсолаи аввали фаъолияти корӣ аз ҷониби раиси Кумита.Санаи 16.07 соли 2020 соати 11:00 низ ҳангоми баргузории нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахборӣ оммаи давлатию ғайридавлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъоляит мекунанд, фаъолияти шашмоҳаи макомоти бехатарии озуқаворӣ баррасӣ гардида, шарҳи муфассали он дар сомонаи Кумита, АМИТ «Ховар», телевизиону радиои давлатӣ ва дигар ВАО пешниҳоди аҳолӣ гардонида мешавад.