Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИН ҶОНБОЗИИ АБАРМАРДОНИ МИЛЛАТ ВА ҲАДЯИ ТАЪРИХ АСТ.

khabar

9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии  худро расман эълон кард ва бо ин, саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд... Тоҷикистони азиз соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияти давлатӣ. Истиқлолияти миллӣ. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озодааст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ ларзон ва нопойдор хоҳад буд.   Инак, Истиқлолияти давлатии мо сеюмин даҳаи ҳаёти худро оғоз кард. Ин ҷавони навхат ва ин фарзанди бо хуни дил парвардаи миллати мо дар  айёми  кӯдакиву  наврасӣ мушкилоти зиёдеро пушти сар кард, аммо акнун ба як ҷавони тануманде табдил ёфтааст, ки аз туфони ҳаводис намеҳаросад ва ҳеҷ дасте газанде ба ӯ расонда наметавонад.Тоҷикистони азизи мо дар давоми 29 соли истиқлолият ба комёбиҳои хубе даст ёфт. Агарчӣ панҷ сол ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати асосан ободгари мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар 27-уми июни соли 1997 роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифта, рӯз то рӯз ба сӯи пирӯзиҳо пеш меравад. Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хосси худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеч гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Кишвари мо бо аксар мамолики олам робитаи дӯстӣ дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити ҳамсоядорӣ ба роҳ мемонад. Акнун аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад, ки ҳами ин 29 сол пеш афсона менамуд.Ҷашни Истиқлол, дар ҳақиқат тоҷи сари ҳамаи ҷашнҳост. Зеро агар истиқлол набошад, дигар ҷашнҳо мафҳмум ва маънои худро гум мекунанд. Истиқлол ба мо имкон медиҳад, ки масири сарнавишти худро худ муайян кунем, вобастаи касе набошем ва худ тасмим бигирем, ки бо кадом кишвар чӣ гуна робитае барқарор созем. Вале, дар баробари ин, мутаассифона, маъно ва мафҳуми истиқлол ҳанӯз дар афкори баъзе ҳамватанони мо ҷойгоҳи воқеии худро пайдо накардааст. Онҳо ҳама чизро фақат бар рӯи тарозӯи иқтисод ва моддиёт ниҳода арзиш ва аҳамияти Истиқлолро камранг ҷилва медиҳанд. Вале оё мумкин аст, ки чунин неъмати бузурге бо номи Истиқлолро таҳти сояи мушкилоти ҷории зиндагӣ қарор диҳем?!Хоҳем-нахоҳем, истиқлолият дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодиро ба ҳамроҳ дорад, ки бояд онро сипарӣ намоем ва ин хосси миллати мо набуда, ҳамаи миллатҳо аз ин пайроҳа гузааштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд. Чунин мушкилот қариб дар ҳама кишварҳои Шуравии собиқ вуҷуд дорад ва агар инро ба назар гирем, ки мо боз як ҷанги панҷсоларо аз сар гузарондем, он гоҳ мебинем, ки пешрафтҳои имрӯзаи мо аз дигар ҳамсоягонамон камтар набуда, балки дар хеле мавридҳо бештар ҳам ҳаст. Хуб мешуд, вақте даҳ бор мегӯем, ки «истиқлол ба мо чӣ дод?», як бор ҳам аз худ бипурсем, ки  «ҳар кадоми мо ба истиқлол чӣ  додем ва барои Ватан чӣ кардем?». Он гоҳ неъмати истиқлолро беҳтару бештар дарк хоҳем кард.Баррасии асноди расмии солҳои охири Шуравӣ нишон медиҳад, ки андешаи истиқлолпарастиву истиқлолхоҳии тоҷикон таи ин солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомул қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзини мо гардид. Агар андак ба дарунтари таърих фурӯ равем, мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рӯҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон, ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт. Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-уми сентябри соли 1992 ба Истиқлол расид ва давлати мустақили худро таъсис кард, аммо давлату давлтдорӣ барои тоҷикон чизи нав ва тозабадстомадае набуд. Ойини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи кӯҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Аз нигоҳи таърихнигорон ташаккули давлатдории халқи тоҷикро ба чор марҳилаи таърихӣ ҷудо кадан мумкин аст:

-Давраи якум, замони ташаккул ва инкишофи давлати Сосониён дар ҳудуди шимолу шарқии Хуросон.

-Давраи дуюм, ташаккулёбии халқи тоҷик дар Мавороуннаҳр, ки дар он халқиятҳои Эрони Шарқӣ, аз ҷумла, бохтариҳо, хоразмиҳо ва  суғдиҳо зиндагӣ мекарданд.

-Давраи сеюм, ташаккули комили халқи тоҷик дар замони Сомониён.

-Давраи чорум, ҳамчун давлати мустиқил ва соҳиби ихтиёри том арзи ҳастӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин су.

          Рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ чунин хусусияте доранд, ки аҳамияташон на дар замони вуқӯъ, балки бо гузашти вақт бештару беҳтар дарк карда мешавад. Инак, бо гузашти 29 сол аз он рӯзи саййиди 9-уми сентябри соли 1991 имкон дорем, то паҳлӯҳои мухталифи ин рӯйдодро бо диди бозтар баррасӣ намоем. Баъзан миёни таҳлилгарон ин андеша садо медиҳад, ки мо дар соли 1991 барои мустақил шудан омода набудем ва он  ногаҳон ба мо дода шуд. Шояд аз як ҷиҳат ин таҳлил дурурст бошад. Танҳо аз он ҷиҳат, ки дар ҳамон рӯзу ҳамон сол милати мо омодаи гирифтани истиқлолият набуд. Аммо орзӯи истиқлол ва рӯҳи истиқлолхоҳӣ, аз муддатҳо пеш миёни равшанфикрони миллат реша гирифта буд ва онҳо бо навиштаҳои худ оҳиста-оҳиста мардумро омода мекарданд. Бинобар ин мутлақан гуфта наметавонем, ки миллати мо дар бораи истиқлол фикре намекард ва ё онро намехост. Оё талоши фидокоронаи равшанфикрони миллат барои таъсиси Ҷумҳурии алоҳидаи Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри 20-ум, ки аксаран ба қитмати ҷонашон тамом шуд, олитарин намунаи истиқлолхоҳӣ нест? Агар дар ҳамон замон ҶССТ ташкил намешуду мо ҳамчун вилоят дар ҳайъати кишвари дигар боқӣ мемондем, оё пас аз фурӯпошии Шӯравӣ мустақил мешудем ва умуман имрӯз Тоҷикистон номи кишваре дар харитаи ҷаҳон вуҷуд медошт? Не, албатта! Ин ҳама намунаи вуҷуди рӯҳи яистиқлолхоҳӣ дар милати мо аз замонҳои дур то имрӯз аст.Пӯшида нест, ки даҳаи авали истиқлол дар кишвари мо, асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи авали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз кардааст ва дар ин «сиёсати дарҳои боз» кишвар ё минтақаи мамнӯъе вуҷуд надорад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабҳаро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои минтақа мантиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва ҳатто қобили пайравӣ медонанд. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо натанҳо мавкеияти худро қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатия худ, дар ҳалли масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳам фаъолона иштирок намояд, ки ин хосси кишварҳои дар ҳоли рушд ва тақозои насли даврони истиқлол аст. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат таи солҳои истиқлол қадамҳои бузурге дар рохи пешрафту шукӯфоии кишвар гузошта шудааст. Дар ин 29 сол тарҳҳои бузурге ба марҳилаи иҷро расидаанд, ки дар замони Шӯравӣ касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯи коғаз мехобиданд. Пас, хуб мешуд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамон, барои ободи бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлолдӯстиро дар афкори ҷомеа тақвият намоем.Лозим ба ёдоварист, ки Истиқлолият аз они ҳамаи мардум аст ва ҳифзи он ҳам на фақат вазифаи ҳукумат, балки вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Истиқлолият моя ва пояи пешрафту шукуфоии ҳамаи мардум аст ва ҳифзи он ҳам на фақат вазифаи ҳукумат, балки вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Бояд  коре  кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ дар рӯҳу равони ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонон реша гирад.Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб, худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем.