Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА МАВҚЕИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР НИЗОМИ БЕХАТАРИИ МИЛЛӢ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ва соҳибистиқлол гаштани давлатҳои  ИДМ ба миён омадааст. Муайянкунии бехатарии озуқаворӣ бори аввал дар Тоҷикистон дар конфронси илмӣ–амалӣ оид ба проблемаи «Ислоҳоти аграрӣ: назария, амалия, проблемаҳо ва пешомадҳо» дар мадди назар гузошта шуда буд. Дар рафти он мутахассисон муаммои бехатарии озуқавории ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор дода, онро чунин мафҳум доданд: Бехатарии озуқаворӣ ин кафолатнокӣ, боэътимодӣ ва таъмини худкифоя будани аҳолӣ аз маҳсулотҳои асосии ғизоӣ дар ҳолати таҳдидҳо ва норасоии ғизо мебошад. Баъдан тараққиёти  иқтисодиёти ҷаҳони муосир ин мафҳумро дар ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ чунин маънидод намудаанд: «Бехатарии озуқаворӣ-таъмини қобилияти давлат мувофиқи захираҳо, кафолат ва иқтидори он барои қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо озуқа аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ дар дараҷаи на кам аз меъёрҳои тиббии муқарраргардида ва инчунин, таъмин намудани мустақилияти динамикаи демографии мусоид аз ҳисоби шароитҳои дохилӣ ва беруна мебошад».

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ амнияти озуқаворӣ барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аҳамиятнок аст. Бинобар ин таҳқиқи вазъи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар имкониятҳои рушди инсонро дар дурнамо тавсиф дода метавонад. Муаммои бехатарии озуқаворӣ таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад, бинобар он мувофиқи пешниҳоди Комиссияи Аврупоии Ислоҳоти Сиёсат ҳуҷҷате бо унвони «Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ» оид ба Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст. Ба хотири аз ҷиҳати илмӣ арзёбӣ намудани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ, истеҳсолию технологӣ ва экологии ин муаммо дар ҷумҳурӣ  соли 2005 бо ташаббуси Барномаи озуқавории умумиҷаҳонии СММ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯъи «Бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки доираи васеъи муаммоҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш ва муҳокимаи илмӣ қарор дод.Таҳти мафҳуми бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти маводи хӯрока ба миқдори кофӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, новобаста аз он, ки аз бозор мехаранд ё аз дигар манбаъ, имконияти харидорӣ намудани он, инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хӯрокворӣ дар назар дошта мешавад. Бехатарии иқтисодӣ ва махсусан озуқаворӣ барои вазъияти кунунии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо намуда, ба ҳадафҳо ва манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ  пайвастагии қавӣ дорад.

Ҳифзи соҳибистиқлолии давлатӣ ва рушди мустақилонаи кишвар, мавқеи байналхалқии он дар масъалаҳои сиёсию геопалитикӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, дар низоми байналмилалии молиявию бонкӣ, дар бозорҳои мол ва хизматрасонӣ, бозорҳои сармоя ва омилҳои истеҳсолот, интихоби роҳи тараққиёт ва модели хоси далатдорӣ, усулҳои ҳифзи сарватҳои табиӣ ва миллӣ масъалаҳое мебошанд, ки маҳз дар шароити нави давлатдории тоҷикон чун матлаби нави омӯзиш, таҳлил, хулосабарорӣ арзи вуҷуд намуданд.

Амнияти озуқаворӣ мавҷудияти омодагии доимии давлатро нисбат ба пешгирӣ ва бартараф намудани системаҳои таъминотӣ мамлакат ва минтақаҳои алоҳидаи онро бо маҳсулоти ғизоӣ дар мавриди ҳодисаҳои нохуш ё дигар ҳолатҳои фавқулода дар назар дорад. Барои ин андозаи қаноатбахш ва системаҳои самараноки истифодаи захираҳои озуқавории барқароршавандаи стратегӣ ва фаврӣ зарур аст. Меъёрҳои асосии амнияти озуқавории мамлакат аз инҳо иборат мебошанд: дараҷаи қонеъсозии талаботҳои физиологӣ ба моддаҳои ғизоӣ ва энергия; безарарии ашёи хоми хӯрокворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ; сатҳи дастрасии  ҷисмонӣ ва иқтисодии ғизоӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз он ҷумла истеъмолкунандагони махсус; дараҷаи вобастагии таъминоти озуқавории мамлакат ва таъминоти захиравии комплекси агросаноатӣ аз таҳвилоти воридотӣ; ҳаҷми захираҳои озуқавории стратегию таъҷилӣ дар муқоиса бо талаботҳои миқдори тавсияшуда.

Бо мақсади баҳо додан мутобиқи ин меъёрҳо ба сатҳи муқарраршуда ва дар оянда пешбинишавандаи амнияти озуқаворӣ андозаҳои мутобиқро тибқи минтақаҳои тафриқёфта субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои касбӣ ва ҷинсию синну солии аҳолӣ кор карда баромадан лозим аст. Барои кор карда баромадани андозаҳои меъёрии сатҳи бехатарии ғизои аҳолӣ аз рӯи миқдор, анвои хӯрока, таркиби моддаҳои ғизоӣ ва басандагии энергетикӣ имкон дорад сабади истеъмолӣ, ки аз рӯи маҷмӯи 25 номгӯи маҳсулот ҳисоб карда мешавад, истифода гардад. Муқоисаи истеъмолоти воқеӣ ва пешбинишаванда аз рӯи ин маҷмӯъ яке аз нишондодҳои асосии сатҳи амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон асосан дар сатҳи нокифояи таъминот бо амнияти озуқаворӣ ифода меёбад, аз ин рӯ ҳалли ин вазифа бо ногузирии фароҳам овардани заминаи ботадриҷи бартараф намудани камбизоатӣ дар мамлакат ифода меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ қабули қонунҳо ва барномаҳо аз рӯи принсипҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ба амал бароварда мешавад, ки боиси комёбиҳо дар ин самт гардидааст.

Умуман дар доираи принсипҳои мавҷудаи бехатарии озуқаворӣ тамоми ҳолатҳои ба масъалаи мазкур алоқаманд дар иқтисодиёти кишвар нишондода мешаванд. Паст ё баландшавии истеҳсолоти маҳсулоти ғизоӣ, аз байнбарии монеъаҳое, ки боиси пастшавии сатҳи кунунии амнияти озуқаворӣ дар сатҳи давлатӣ мегарданд, ташаккули захираҳои озуқа аз рӯи барномаҳои стратегӣ ба принсипҳои амнияти озуқаворӣ дохил мешаванд. Яке аз принсипҳои давлат, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ»  пешбинӣ шудааст, ин дастгирӣ ёфтани молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозорҳои дохилӣ аз молистеҳсолкунандагони хориҷӣ аз ҷониби давлат ба ҳисоб меравад.

Ин принсип ба он оварда мерасонад, ки дар дохили ҷумҳурӣ маҳсулоти ғизоӣ бо сифати баланд истеҳсол карда шавад ва дар ҳамин ҳолат нархи дастрас ба аҳолии ҷумҳурӣ дошта бошад. Маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад бисёр босифат буда, ҳолати физиологии хело хуб дорад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», ки аз 1-уми августи соли 2012 890 қабул гардидааст чунин талаботҳо оиди маҳсулоти хӯрокворӣ вуҷуд дорад. Ва бояд мувофиқи ин талаботҳо маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол ва ба аҳолӣ пешниҳод карда шавад.

      Дар асоси қабули барномаҳо ва нақшаҳои стратегӣ ба роҳ мондани танзими ва аз рӯи воридоту содироти молу маҳсулоти аграрӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҳавасмандкунии кишоварзон барои истеҳсол кардани маҳсулоти озуқаворӣ боис мегардад, ки бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таъмин карда шавад. Албатта ҳамаи ин кӯшишҳо зина ба зина мавҷудияти масъалаи ниҳоят ҷиддӣ, яъне бехатарии озуқавориро аз байн мебаранд.

bakhtiyor

Бахтиёр Холиқов -Мутахассиси пешбари Шуъбаи таъминоти

ҳуқуқӣ ва кадрҳои  Кумитаи бехатарии озуқавории назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон