Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯИ СOVID-19-ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ БАРОИ МАВСИМИ САРМО

khabar

ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.Ҳоло шумораи гирифторони бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 23 миллион нафар расидааст. Созмони Милали Мутаҳид ҳолати кунунии кишварҳои ҷаҳонро, ки бо ин беморӣ рӯ ба рӯ ҳастанд,  вазъияти мураккаб ва дар ҳоли буҳронӣ ном бурдааст.Бемории мазкур дар баробари сироятёбии одамон ҳамчунин мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро миёни кишварҳои ҷаҳон ба миён овардааст. Зеро бо сабаби гирифтани пеши роҳи шиддати сироятёбии одамон аз ин беморӣ, имрӯз аз ҷониби давлатҳо як зумра маҳдудиятҳо роҳандозӣ карда шудаанд, ки онҳо  мушкилоти озуқавориро низ ба вуҷуд меоранд. Дар чунин шароит чӣ бояд кард? Дар ин бора   мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи  Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон ЗАБИРЗОДА  дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»  чунин баён дошт:

-Аз рӯи маълумоти оморӣ, танҳо аз оғози бақайдгирии бемории сироятии коронавируси навъи КОВИД-19 то инҷониб воридоту содироти маҳсулоти озуқаворӣ, махсусан гандум ба мамлакат коҳиш ёфтааст.Бо дарназардошти вазъияти баамаломада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ таъкид намуда, махсусан барои ба даст овардани ҳосили фаровон аз  заминҳои панҷсотика ва заминҳои наздиҳавлигӣ ишора намуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти вазъияти кунунӣ ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ моро зарур аст, ки аз як замин гирифтани ду-се ҳосилро фаромӯш накунем. Аз ин рӯ, тамоми сохторҳои соҳавӣ, мақомоти назоратбаранда ва шаҳрвандонро вазифадор менамоем, ки оид ба ин масъала тадбир андешанд”.Дар баробари ин гуфта шуд, ки тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 аз рӯи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, паҳншавии мавҷи дуюми  бемории сироятии коронавируси навъи КОВИД-19 дар назар дошта шуда, зарур аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон захираи худро дар ин мавсим дошта бошад.Мардуми шарифи мамлакат дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, бо ба даст овардани ҳосили аввалаи фаровон дар заминҳои корами худ кишти такрории маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин барои фасли сармо омодагии ҳамаҷониба дида, ба захиранамоии маҳсулоти озуқаворӣ, махсусан консервакунии маҳсулоти озуқаворӣ низ машғул гардиданд.Ба гуфти олимони соҳа ва мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ, барои шаҳрвандон донистани усули дурусти консервакунонӣ, тарз ва усулҳои нигоҳдорӣ ва бехатарии он зарур мебошад. Зеро агар консервакунонӣ ва нигоҳдории маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯи қоидаҳои хоси худ  риоя карда нашавад, бо истеъмоли он нафарони зиёд метавонанд ба касалиҳои гуногун, аз ҷумла бемории ботулизм гирифтор шаванд, ки он  инсонро метавонад ба марг бурда расонад.

Бемории ботулизм-бемории вазнини заҳрсироятӣ буда, баъди аз таъсири ботулотаксин осеб ёфтани майнаи сари инсон пайдо мешавад. Бемории мазкур аз калимаи лотинии Botulini гирифта шуда, маънои «ҳасиб»-ро дорад. Ҳафт навъи ангезаи ботулизм мавҷуд аст, ки барои саломатии инсон хатарнок буда, марганҷоми баланд дорад ва ба системаи асаб зарар мерасонад.Ангезаҳои ботулизм ва заҳри онҳо ба организми одам дар мавриди истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ сироят ёфта, махсусан аз консерваҳои дар шароити хона тайёрнамудаи зарфҳои шишагини помидору бодиринг ва ғайра маҳсулоти худтайёркунии ғизоӣ ворид мешавад. Дар меъда заҳр зери таъсири ферментҳои протеолезӣ пуртаъсир мегардад. Ботулоксин тавассути луоб пардаи меъда ва рӯда ба хун ҷаббиш меёбад ва боиси фалаҷи мушакҳои суфта, танг ва минбаъд фалаҷ шудани рагҳои хун, мурда шудани мӯякҳо (капиллярҳо) мегардад.Аз  ин рӯ барои пешгирии бемории ботулизм бояд   қоидаҳои гигиенӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти консервагӣ риоя гардида, банкаҳо бо  сарпӯшҳояшон дуруст тоза карда шаванд.  Дар ин мавридҳо истифодаи зарфҳои шишагини тоза ва тамизшудаи нашикаста (дар ҳарорати баланди оби ҷӯшонидашуда) бо сарпӯши худмаҳкамшаванда зарур аст. Барои тайёр намудани маҳсулоти консервагӣ сабзавоту тармеваҳои тоза, беиллат, бе аломатҳои вайроншавӣ ва пӯсишро интихоб намуда, дар оби тозаи бехатар шустан лозим аст.Усулу басту банди гармро истифода намуда, ғизои нав тайёркардашударо давоми 2-5 дақиқа ҷӯшонида, тез ва дар ҳолати гарм буданаш дар зарфҳои шишагини пеш тамизгардонидашуда ҷойгир кардан муҳим мебошад. Ҳамчунин давоми тайёркунии маҳсулоти консервагӣ фишор ва вақти заруриро барои хунук шудани он нигоҳ доштан хуб аст. Пеш аз истеъмоли маҳсулоти худтайёри консервагӣ дар шароити хона ҳатман аз ташхиси беҳдошти байторӣ гузаронида,  хулосаи бехатарии онро аз масъулини мақомоти бехатарии озуқаворӣ гирифтан зарур аст.

Маҳсулоти дар шароити хона консервакунонидашуда на зиёда аз як сол бояд нигоҳдорӣ  шавад.

Бояд гуфт, ки вобаста ба нигоҳдошти солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонуну санадҳо ва барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор доранд, ки барои ҳифзи саломатии ҷомеа равона гардидаанд. Аз ҷониби дигар,  дар асоси талаботи Созмони умумиҷаҳони савдо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он мебошад, дар мамлакат марказҳои замонавии фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва бо нархи дастрас пешкаши шаҳрвандон гардонида шудаанд.Дар зерсохтори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи асосии онро ташкили корҳои ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ дар бар мегирад. Марказ  дорои озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, асосан маҳсулоти соҳаи байторӣ, фитосанитарӣ,  карантини растанӣ ва тухмиро ташхис менамояд.  Маркази мазкур дар раванди фаъолияти беш аз дусолаи корӣ, бо мақсади ошкор ва пешгирии маҳсулоти хатарнок ва ба саломатии инсон зараровар, махсусан дар 7 моҳи соли 2020 беш аз 441 ҳазору 274 маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯшту шир, маҳсулоти таҳти назорати фитосанитарӣ,  карантини растанӣ ва сифати тухмиро ташхис ва аз назорат гузаронидааст.Инчунин аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми бозорҳои мамлакат озмоишгоҳҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ таъсис дода шудаанд, ки ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти хатарноку пастсифати озуқаворӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва борҳои таҳти назорати фитосанитарӣ қарордошта санҷишҳои ҳамарӯза гузаронида мешаванд. Ҳукумати мамлакат баҳри расидан ба ҷомеаи рушдкарда аз ҳама имконоти мавҷуда истифода бурда, талошҳои ҳамаҷонибаро дар ин самт ба харҷ медиҳад.  Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикстон соли 2012  ба Созмони умумиҷаҳонии савдо шомил гардид. Далели воридгардии Ҷумҳурии Тоҷикстон ба ин созмон  боло рафтани иқтисод ва савдо дар мамлакат  арзёбӣ карда мешавад. Аз ин рӯ деҳқонону кишоварзон, соҳибкорон ва дигар сохторҳои соҳавиро лозим аст, ки молу маҳсулоти босифат ва рақобатпазир истеҳсол карда,  иқтидори содиротии давлатро боло баранд ва бозорҳои дохилии мамлакатро бо молу маҳсулоти бехатари озуқаворӣ таъмин намоянд, то заминаҳо барои рушд фароҳам оянд.