Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019.

        30 январи соли 2020,  дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019, дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баpressss1ргузор гардид.

     Дар ин ҳамоиш сараввал раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло  баромад карда, қайд намуданд, ки  фаъолияти Кумита доир ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҷомеъа,  ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона гардида, бо ин мақсад дар давоми соли 2019,  дар самти назорати чорабиниҳои зидди эпизоотӣ, фитосанитарӣ ва карантинӣ, тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва зотпарварӣ  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. 

     Бахусус дар  таъмини чорабиниҳои зидди эпизоотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ 2 милиону 264 ҳазору 529 сомонӣ барои пешгирии 8 номгӯи бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда эмдору харидорӣ шуда,  ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои тадбиқ  дастрас карда шудааст. 

      Ҳамчунин барои муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ 635 ҳазору 166 ҳазор ҳайвони калон ва хурди шохдор мавриди санҷиши серологӣ нисбати пешгирии бемории буғумдард ва 92 ҳазору 287 сар  чорвои калон нисбати бемории сил,  мавриди санҷиш қарор дода шуд.  

     Ёдовар шудан ба мавридаст, ки ҷиҳати таъмини  бехатарии озуқаворӣ Кумита дар соли 2019,   дар  самти  байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ ташхису назоратро пайваста ба роҳ монда, аз ҷониби марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва озмоишгохҳои ташхисии бехатарӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат 1 милиону 620 ҳазору 888 адад,  дар 32 адад хоҷагии зотпарварии ҷумҳурӣ санҷиши назоратӣ ва молу маҳсулоте, ки аз мамлакатҳои  хориҷ ба кишвар ворид гардидаанд, назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ гузаронидаанд. 

     Ҳамчунин дар соли сипаригардида, 1890 адад намунаи тухмиҳои зироати кишварзӣ  мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

       Оид ба ворид намудани молу маҳсулоти озуқаворӣ,  аз ҷумла гӯшт, шир, меваю сабзавот, тухми ғизоӣ ва инкубатсионӣ, моҳӣ ва маҳсулоти он, хӯроки чорво, маводҳои байторӣ ва дорувориҳои соҳавӣ, кирмаки пила, таҷҳизоти соҳаи парандапарварӣ ва дигар маҳсулотҳои воридотӣ таҳти  назорати доимӣ қарор доранд. 

      Бо мақсади рушд ва вориду таъмин намудани таҷҳизотҳои муосири озмоишӣ,  Кумита дар ҳамкори бо шарикони рушд дар доираи лоиаҳои «Афзоиши рақобатпазирии Агробизнес дар Тоҷикистон», МАГАТЭ, СОК СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ  ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

       Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон барои огаҳӣ пайдо кардани ҷомеъаи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини маҳсулоти бехатарии озуқаворӣ бо тамоми воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, ҳамкориҳои пурсамари худро ба роҳ монда, дар оянда низ барои баланд бардоштани маданияти истеъмолии шаҳрвандон, тадбиқ ва амали гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ солҳои 2019-2023», бо шабакаҳои телевизионию радиоӣ, рӯзномаву маҷалаҳо  ҳамкориҳояшро тавсеъа  бахшиданист.