Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Паёми Пешвои миллат-дастури роҳнамо ва ояндасоз

payomipeshvoБо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 январи соли равон дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовинон, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои Кумита, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ҷамъомад доир гардид.

      Ҷамъомади мазкур таҳти садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло меҳмононро хайра мақдам гуфта, баъдан бо истифода аз нуктаҳои меҳварии Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд. Зимни суханрониашон қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи сарвари давлат  ҳолати рушди кишвар, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва муқоиса қарор дода шуд, ки чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо гувоҳи он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинона роҳандозӣ мегарданд.

      Сипас раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам низ вобаста ба нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба таъриху фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва асолати миллии тоҷикон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамагон сарчашмаи фаъолияти корӣ ва зиндагӣ, инчунин  дастурамалӣ рӯимизии худ қарор диҳем.

      Зимни ҷамъомад раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода низ доир ба аҳамият ва ҷойгоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуфта гузаштанд. Аз ҷумла дар самти   фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум ёдоварӣ карданд.   

      Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъомад тамоми нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби баромадкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифта,  инчунин афзуданд, ки  Паёми сарвари давлат барномаи амале мебошад, ки ба саодат ва некуаҳволии зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.

payom

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон