Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Таъмини маҳсулоти бехатар ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон рисолати мост.

khabar

       Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ, инчунин  зиёд  шудани  шумораи   аҳолӣ дар ҷаҳон, дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ масъалаи ҳайётан муҳим  ва рузмара гардидааст. Ба қавли олимону мутахссисон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ барои  аз байн бурдани ин мушкилот танҳо талошҳои дастаҷаъмонаи байналмилалӣ зарур аст. 

      Бо ин мақсад  Созмони Милали Мутахӣд соли 1985, Қатъномаеро қабул намуда буд, ки дар асоси он ҳамасола 15 март ҳамчун рӯзи байналмилалӣ ҳуқуқи истеъмолкундагон таҷлил мегаррад.

      Ҳамчунин дар асоси ин Қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид  тамоми кишварҳои ҷаҳон махсусан кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил вазифадор гардидаанд, ки барои ҳимояи ҳӯқуқи истеъмолкунандагон барномаҳои махсусеро қабул намуда, ба шаҳрвандон маҳсулоти бехатари озуқавориро таъмин намоянд. 

      Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад  бо бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ расидан ба  амнияти озуқавори ва таъмини бехатрии онро яке аз ҳадафҳои стратегӣ худ эълон кард ва аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то инҷониб даҳҳо барномаҳои давлатиро дар роҳи расидан ба ин мақсад қабулу амалӣ гардонид, ки яке аз он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад, ки 15 майи соли 1997 қабул карда шудаст.

      Нисбат ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Қонуни мазккур  дар таҳрири нав 9 декабри соли 2004 мавриди амал қарор гирифт, ки он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад, ба танзим дароварда шуд.

     Бояд қайд кард, ки дар кишварамон бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Дониши кофии ҳуқуқӣ надоштан боис мешавад, ки онҳо ҳангоми харид фиреб хӯранд. Ҳадафи қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда ва фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад.

    Тибқи ин қонун истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.

        Тибқи моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» Нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо мӯҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мӯҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад. Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ро иҷро мекунад, уҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад.  Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

      Инчунин ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ зарураст, ки  пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифату бехатар  ва ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ буда, мутахассисони он пайваста талош кунанд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин кунанд.

       Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии мақомоти Кумитаи бехатри озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои он таъмини бехтари маҳсулоти озуқаворӣ, ташхису назорати он бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ташкил медиҳад.  Зеро мақсад аз таъсис додани Кумитаи бехатари  озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли ҳамин мушкилот ва кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии баҳам монанд, ҳамоҳангии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷе ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгири намудани фаъолияти соҳибкороне, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд, дониста мешавад.

         Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз таъсисёбияш то ин ҷониб беш аз ду сол сипарӣ мегардад бо мақсади таъмини бехатрии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ махсусан дар заминаи тадбиқёбии «Барномаи бехатарии  озуқаворӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», фаъолияташро дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотҳое, ки дар кишвар истеҳсол карда мешаванд ва ё аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд таҳти  санҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст.

      Зикр кардан ба мавридаст, ки  оиди ин масъала бори дигар  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон махсусан Роҳбари олии мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки имкониятҳои мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридот ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.

   Мудири бахши Иттилоот ва 

   робита бо ҷомеа

 Забирзода Олимҷони Бобоназар