Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

УСУЛҲОИ ПЕШРАФТАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲАЙВОНОТ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

   Рӯзҳои 8-9 декабри соли 2021 дар шаҳри Нур Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шабакаи муҳофизати солимии ҳайвонот дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Усулҳои пешрафтаи мубориза бар зидди бемориҳои афзалиятноки ҳайвонот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар

доираи лоиҳаи “Таъсиси шабака оид ба бемориҳои афзалиятноки чорво дар Осиёи Марказӣ” ТСР / SEC/3702, ҷиҳати эътироф намудани солимии кишварҳо, маъқул донистани барномаҳои миллӣ оид ба назорати бемориҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳдории мақоми солимии кишварҳо нисбати ин бемориҳо”, идома ёфт.

kazokiston                 

      Ёдовар мешавем, ҷаласаи якуми Шабакаи муҳофизати саломатии ҳайвонот дар Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида буд, ки дар он мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошоев Х., Каримов Ф. ва Қосимов С. иштирок доштанд. Давоми 2 рӯз коршиносони байналмилалӣ ва кормандони мақомоти байтории кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон Ӯзбекистон ва кормандони мақомоти ветеринарии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд ва намояндагони Ҷумҳурии Туркманистон тариқи онлайн пайваст шуда, оид ба вазъи эпизоотӣ нисбати бемориҳои фаромарзии ҳайвоноти кишоварзӣ, чораҳои якҷояи пешгирӣ ва мубориза бо ин бемориҳо, ҳамкориҳои минбаъдаи якҷоя дар ҳудуди давлатҳои минтақа, хусусан кишварҳои Осиёи Марказӣ ва андешидаи чораҳои муштарак, гуфтушунид намуданд.

   Дар ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Андамов Исмоил сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ, Муминов Мустафо сардори Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва Раҳимов Ислом мудири шуъбаи байторӣ, зиддиэпизоотӣ ва зотпарварии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд иштирок доштанд.

   Дар гуфтушуниди коршиносон ва намояндагони давлатҳои дар боло зикргардида масъалаҳои ҳалталаби соҳаи байторӣ оид ба ҳифзи ҳудуди кишварҳо аз барангезандаҳои касалиҳои сироятӣ, чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо касалиҳои муҳими сироятии фаромарзӣ, аз қабили сухтанӣ, вабои сумдард, ҳорӣ, брутселлёз, сил, тоуни чорвои хурди шохдор, ки мушкилоти он дар кишварҳо ҷой дорад, паҳлуҳои гуногуни амалиётҳои содирот, воридот ва транзити маҳсулоти озуқаворӣ вобаста ба вазъи эпизоотии давлатҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар семинар гуфтушуниди инчунин оид ба зарурияти пурзур намудани назорат аз болои ҳодисаҳои хуруҷи бемории брутселлёз, ки саривақт маҳдуд ва нест намудани он ба пешгири хисорот имконият медиҳад, тарҳрезӣ намудани стратегияи ягонаи мубориза, андешидани воситаҳою чораҳои дурусти мубориза ва муносибат бо ин беморӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд.

       Бемории брутселлёз, ки дар эмин нигоҳ доштани офияти эпизоотии соҳаи чорводорӣ дар кишварҳо аҳамияти бузург дорад ва пайдоишу паҳншавии он ба соҳаи чорводорӣ ҳисороти калони иқтисодию иҷтимоӣ расонида, дар раванди муносибатҳои савдои кишварҳо нақши калидӣ дошта, таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ бо ин беморӣ таваҷҷуҳи

хосаи мутахассисонро талаб мекунад. Барои муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ нисбати бемориҳои сироятӣ, вобаста ба мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории муштараки кишварҳои минтақаро хусусан бо он мамлакатҳое, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, тақозо мекунад.

     Дар ҷаласа аз ҷониби коршиносон оид ба назорати брутселлёзи чорво, таҷрибаи дигар кишварҳо, ҳамкории байнисоҳавӣ оид ба назорати бемориҳои сироятӣ дар доираи низоми “Солимии ягона”, “Таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳо – стратегияҳо оид ба назорати бемориҳои афзалиятнок дар кишварҳо”, “Тартиби пешниҳоди дархост дар бораи гирифтани эътирофи ҳолати солимӣ оид ба ин ё он бемориҳо”, “Маълумоти умумӣ оид ба вазъи эпизоотӣ нисбати бемориҳои фаромарзӣ дар кишварҳои минтақа: Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон Қазоқистон ва Ӯзбекистон”, “Таҳлили амал оид ба муборизаи зина ба зина бо бемориҳои сироятӣ дар кишварҳо”, “Нақшаи амал оид ба расман эътироф намудани беморӣ, ҷиҳати маъқул донистани барномаҳои назоратӣ”, “Талаботи умумии Кодекси солимии ҳайвоноти руизаминӣ ҷиҳати эътирофи бемориҳо” ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз баррасӣ гардиданд.

       Аз ҷониби коршиносон ба иштирокунандагон оид ба чораҳои назорат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии фаромарзӣ, мубодилаи саривақтӣ доир ба пайдоиши бемориҳо дар ҳудуди кишварҳо, ба роҳ мондани усулҳои муосири ташхису табобат, гузаронидани омӯзишҳои зарурӣ дар байни мутахассисони озмоишгоҳҳо, муайян намудани талаботҳо, мутобиқгардонӣ ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо ва иншоотҳо бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ тавсияҳо дода шуданд.

      Аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон маърӯза муаррифии мавзӯъ оид ба вазъи кунунии эпизоотию эпидемиологии бемориҳои афзалиятноки фаромарзии ҳайвонот ва чорабиниҳои анҷомдодашудаю амалишаванда дар ин самт барои мамлакатҳои иштирокунандаи ҷаласа пешниҳод гардид. Коршиносон, мушовирони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии

СММ ва иштирокдорони ҷаласа ҷиҳати дар оянда гузаронидани омӯзишҳои илмӣ – амалӣ вобаста ба муҳимияти мавзӯъ барои мутахассисони байтории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, татбиқи

чорабиниҳои саривақтӣ бар зидди бемориҳои фаромарзӣ, Барномаи

амалро барои маъқул донистан аз ҷониби кишварҳо пешниҳод намуданд, ки он барои минбаъд таҳти назорат қарор додани чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои фаромарзӣ мусоидат менамояд.

      Қайд кардан ба маврид аст, ки мавзӯъ ва масъалаҳои гуногуни ҳалталаби соҳаи байторӣ, ки дар ҷӯҷаласаи дуюми Шабакаи муҳофизати солимии ҳайвонот дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ муарифӣ ва мавриди муҳокима қарор дода шуданд, барои мутахассисони соҳаи байтории кишвар алалхусус Шуъбаи назорати байторӣ, Маркази ҷумҳуриявии зиддиэпизоотӣ, шуъбаю бахшҳои байторӣ, зиддиэпизоотии мақомотҳои ҳудудӣ аз манфиат холӣ набуда, дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо, ҷиҳати пешгирӣ, назорат ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ самараи хуб медиҳанд.

                             Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа