Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Вазъи эпизоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муътадил буда, талафоти чорво ба асари бемориҳои номаълуми сироятӣ дида намешавад.

s1200

 

Вобаста ба матолиби нашрнамудаи сомонаи «Супутник», ки гуё бар асари бемории номаълум дар ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич талафёбии даҳҳо сар  чорво ба чашм мерасад,  санаи 21 июли соли 2020 дар асоси супориши роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҳолати дақиқии воқеиро муайян намудан гуруҳи корӣ 5 нафара бо ҷалби мутаҳассисони соҳа ва намояндагони Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ташкил карда шуд.Дар рафти санҷиши гуруҳи корӣ муайян гардид, ки хабари нашр намудани сомонаи «Супутник», ки гуё бар асари бемории номаълум тайи ду се рузи охир 40-50  чорвои калон талаф ёфта истоданд беасос буда, хабари бардуруғ мебошад.Танҳо муайян гардид, ки як сар чорвои калони ба шаҳрванд Ҷумаев Абдулло таълуқдошта,  дар натиҷаи беназоратии худи соҳиби чорво, ки ба майдони кишти юнучқаи хом даромада аз бисёр хурдан ба бемории тимпания (дам кардан) мубтало гардида  фавтидааст. Шаҳрванд Ҷумаев Абдулло бошад худсарона бе муроҷиат кардан ба масъулини соҳа,  чорвои худро ба ҳудуди деҳаи Далён ба даруни сой партофтааст.Инчунин бар асари омадани сел 70 метр дуртар аз ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич як чорвои дигар талаф ёфтааст. Яъне дар ҷамъ танҳо ду чорво яке бар асари бисёр хурдани юнучка ба бемории тимпания (дам кардан), дигаре бар асари омадани сел талаф ёфтаасту халос. Санаи 21 июли соли 2020 мутахасисиони соҳа  пас аз огаҳӣ ёфтан ҳарду чорво безарар гардониданд.Раиси  ҷамоати деҳоти Далёни ноҳияи Деваштич таъкид намудааст, ки вобаста ба пешгири бемории сироятии КОВИД-19 гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст ва мо бо аҳолӣ  барои риояи қойдаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ пайваста вохуриҳо мегузаронем.  Агар талафёбии зиёди чорво бар асари бемории номаълум дида мешуд ҳатман мо хабардор мешудем.Ба гуфти мутахасисиони соҳа айни замон ҳолати эпизоотии ҷамоати  мазккур аз бемориҳои сироятӣ муътадил буда, бемории сироятии чорво, ки гуё 40-50 сар чорво фавтидааст, ҳангома ва асос надорад.  Зикр кардан  ба мавридаст, ки Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгири  бемориҳои сироятии аз ҳавон ба инсон гузаранда, назорат ва таъмини маҳсулоти бехатрии озуқаворӣ,  баланд бардоштани маданияти парвариши чорво, хариду фуруш ва маданияти истеъмолии шаҳрвандон пайваста бо аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ин самт барои таҳия гузоришу барномаҳои телевизионию радиоӣ, хабару мақолаҳо бо тамоми намояндагони ВАО, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ҳамкориҳои  пурсамарӣ худро ба роҳ мондааст. шудааст.Танҳо аз намояндагони ВАО хоҳиш карда мешавад, ки дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатрии он ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат аст, бо мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар иртибот бошанд  ва барои таҳияи гузоришу барномаи телевизионию радиоӣ  ва омода намудани хабар вобаста ба дастовард ва ҳалли мушкилотҳои соҳавӣ  мо метавонем ба онҳо маълумоти дурустро пешниҳод намоем.