Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Вохурии навбатии кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва шаҳрвандон оид ба пешгирии беморииҳои сироятӣ, махсусан КОВИД-19 бомақсади риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе.

bozor

Маҳсулоти гуштӣ ва меваю сабзавот дар шароите бояд нигоҳдорӣ ва ба фурӯш гузошташаванд,ки дар гармии тобистон вайроннашаванд. Зеро агар маҳсулот вайрон шуда бошад ба саломатии инсон бетаъсир намемонад.

Бо назардошти ин имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳикорӣ аз вазъи бозорҳои имрӯзаи пойтахт ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти  гӯштӣ ва меваю сабзавот дидан намуданд. Зимни боздиди корӣ аз бозори Меҳргони шаҳри Душанбе,Маркази савдои Ёвар ва КВД  бозори «Саховат»-и пойтахт маълум гардид, ки маҳсулоти гӯштиро дар шароити мусоид ба савдогузоштаанд.         

Ба андешаи коршиносон маҳсулоти вайроншуда барангезандаи бемории сироятӣ ба ҳисоб меравад.Дар шароити имрӯза, кибемории сироятии Коронавируси навъи КОВИД-19 паҳнгардидааст бояд соҳибкорон бахусус фурӯшандагон ва шаҳрвандон пеш аз ҳама фосилаи иҷтимоиро ба инобатгирифта, қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарироҳатман риоя намоянд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар байни фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидашуд.Таъкид карда шуд,ки бояд фурӯшандагон махсусан нафароне,ки маҳсулоти гӯштӣ мефурӯшанд бе дастпӯшак ва истифодаи антисептику ниқоби тиббӣ ба фаъолият машғул нашаванд.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ маълум гардид, ки мутаасифона то ҳолҳастанд нафароне, ки бениқоби муҳофизатӣ ба бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мераванд. Бо назардошти ҷойдоштани чунин ҳолат ва бепарвоии аз сокинон аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳгузарон ниқоби ройгони тиббӣ тақсим карда шуд.

Намояндагони мақомоти бехатарии озуқаворӣ бо мақсади ҳифзи солимии шаҳрвандон санҷиш ва назоратро ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд то ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар «Бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» риоя карда шаванд.

Шаҳрвандон низ ҳангоми харидорӣ дилхоҳ маводи озуқаворӣ ба бехатарии маҳсулот,сифат, мӯҳлат ва истифодабарии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳирнамуда, сертификати моли ба фурушгузошташударо аз фурушанда талаб намоянд.