Хабарҳо
Омори расмӣ
Робита бо ҷомеа
Робитаҳои байналмилалӣ
Забон


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» №674, аз 29.12.2010 сол


Боби 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРӢ

Моддаи 13. Назорати давлатии байтор

1. Назорати давлатии байториро мақомоти ваколатдор амалӣ мегардонад.

2. Назорати давлатии байторӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- назорати риояи қонунгузории байторӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорати объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию хоҷагидорӣ ва бай¬торию пешгирикунанда дар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорат намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти ҳайвонот, ашёи хоми ҳай-вонот ва растаниҳо, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати бемориҳои ҳайвонот, хўрок ва хўрокиҳои ба он иловашаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонун¬гузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати интиқоли борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта бо нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан;
- назорати ба талаботи беҳдошти байторӣ мутобиқ будани сохтмон, таъмири биноҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди гўш¬ту шир, дўкон, анборҳо ва дигар объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- назорати риояи реҷаи нигоҳдории микро¬организмҳо дар ташхисгоҳҳои байторӣ, пажўҳиш¬гоҳҳои таҳқиқоти илмӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот;
- назорати ташкили харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан (расонидан) ва истифода кардани маводи байторӣ, ки аз ҳисоби маблаѓи буҷети давлатӣ харидорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои ҷумҳуриявии дорую маводи байторӣ;
- назорати роҳҳои чорвогузар, ҳудуди чарогоҳҳо, ҷойҳои обхўрии ҳайвонот, қоида ва шаклҳои нишонагузории онҳо;
- назорати чорабиниҳои байторӣ оид ба ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид ва паҳншавии ангезаҳои бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои номаълум (экзотикӣ) аз кишварҳои дигар;
- назорати пеш бурдани ҳисоботи бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳии байторӣ, инчунин мутобиқи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо.

Моддаи 14. Принсипҳои муоина ва назорати давлатии байторӣ

1. Амалиёти муоина ва назорати давлатии байторӣ бояд ба таври зерин иҷро карда шаванд:

- фавран, бе кашолкорӣ ва табъизи (дискриминатсия) нисбати молҳои воридшаванда ва молҳои ба ҳамин монанди маҳсулоти ватанӣ;
- дар асоси далелҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани амалиёт зарур мебошанд;
- ҳангоми огоҳ кардани дархосткунанда оид ба мўҳлати ба охир расидани амал, норасогиҳои дар дархост ҷойдошта, марҳила ва натиҷаҳои истеҳсолот;
- ба тарзе, ки ҳифзи сирри иттилоотӣ таъмин гардад;
- бо роҳи гирифтани намунаю чошнӣ ба миқдоре, ки барои гузаронидани амалиёти назорат ва сертификатсия зарур мебошад;

2. Агар баъди муоина ва ё назорати давлатии байторӣ дар таснифоти маҳсулот таѓйироте ошкор гардад, амалиёти муоина ва ё назорати маҳсулоти таѓйирдодашуда дар ҳолати зарурат иҷро карда мешавад, то ки ба талаботи дахлдор ҷавобгў будани маҳсулот новобаста аз таѓйирёбӣ муайян гардад.

Моддаи 15. Назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

1. Мақомоти назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт таъсис дода мешавад ва бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид шудани бемориҳои сирояткунандаи ҳайвонот, бемориҳои барои ҳайвонот ва инсон умумӣ, инчунин маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ, ки ба талаботи байторию санитарии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нест, фаъолият мекунад.

2. ҷойҳои кории мақомоти назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар минтақаи ягонаи гум¬рукӣ ҷойгир карда мешавад.

3. Ба гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз сарҳади гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон баъди санҷиши мутобиқати борҳо бо ҳуҷҷатҳои байтории бо онҳо ҳамроҳбуда иҷозат дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ чошнӣ ё намунаи борҳо барои ташхиси озмоишӣ гирифта мешавад.

4. Расмигардонии гумрукии борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта танҳо баъди аз назорат гузаштани онҳо анҷом дода мешавад.

5. Ба ворид намудан ё аз қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта аз кишварҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ солим дар ҳолати риояи қоида ва талаботи байторӣ, ки мақомоти ваколатдор тасдиқ намудааст, иҷозат дода мешавад.

6. Воситаҳои нақлиёт, ки ба ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакатҳои аз ҷиҳати эпизоотӣ носолим ворид мешаванд, бо тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ, бояд ҳатман сироятзудоӣ (дезинфексия) карда шаванд.

7. Нозирони байтории постгоҳҳои назорати байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ либоси махсуси нишони байторидошта мепўшанд.

8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бо ворид намудани борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта алоқаманд аст, ўҳда¬доранд, ки ба шуъбаҳо ва дигар ташкилотҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт хароҷоти гуза¬ронидани ташхиси беҳдошти байторӣ ва сироятзудоиро бо тартиби муқаррар-намудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.

Моддаи 16. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми интиқоли объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман таҳти назорати давлатии байторӣ бошанд.

2. Назорати давлатии байтории объектҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта ҳангоми интиқол, бор кардан ва фуровардан аз тарафи нозирони давлатии байтории ҳудуде, ки дар он мол бор карда ва фуроварда мешавад, инчунин ҳудудҳое, ки хатсайри интиқол мегузарад, амалӣ карда мешавад.

3. Хатсайрҳои интиқоли ҳайвоноти хоҷагӣ (роҳҳои чорвогузар) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сарнозирони давлатии байтории ҳудуди маъмурии дахлдор муайян карда мешаванд.

4. Интиқоли ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами фардӣ ва шиносномаи байторӣ манъ аст.

Моддаи 17. Назорати давлатии байторӣ дар нуқтаҳои фурўш

1. Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо ва дигар ҷойҳо, ки фу¬рўши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

2. Ба фурўши объектҳо ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ки ба қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, баъди аз ташхиси байторӣ ё беҳдошти байторӣ гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз мақомоти ваколатдори давлатии байтории шаҳр ё ноҳияе, ки дар он ҷо бори мазкур фурўхта мешавад, иҷозат дода меша¬вад.

3. Маҳсулот баъди пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти молик ва мутобиқати он бо ҳуҷҷатҳои байтории ҳамроҳбуда барои ташхис қабул карда мешавад.

4. Озмоишгоҳҳои давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ дар бозорҳо барои мўҳрзании гўшт ва дигар маҳсулоти ҳайвоноту паррандаи забҳшуда бояд мўҳркоѓази нишондиҳандаи сифати маҳсулот, дафтари бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дошта бошанд.

5. Озмоишгоҳи давлатии ташхиси беҳдошти байторӣ ҳуқуқ дорад:

- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растаниро муоина кунад;
- ҳайвонот, маҳсулоти он ва маҳсулоти растании барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнокро мутобиқи қонуни мазкур аз фурўш боз дорад, мусодира ва нобуд кунад ё барои коркарди махсус фиристонад;
- мутобиқати борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро бо меъёрҳои байторӣ муайян карда, санади ташхис диҳад;
- безараргардонӣ (бесироятгардонӣ), коркард ё нобуд кардани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нестанд, ташкил кунад.

6. Тартиби гузаронидани ташхиси беҳдошти байторӣ, аз фурўш боздоштан, мусодира ва нобуд кардан ё барои коркарди махсус фиристодани маҳсулот ва борҳои таҳти назорати давлатии байторӣ қарор-доштаи хатарнокро қонуни мазкур муайян мекунад.

7. Фурўши хўроквории истеҳсоли ѓайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди ташхиси беҳдошти байторӣ дар ташхисгоҳҳои ваколатдор ва аз тарафи фурўшандагон гирифтани хулосаи мақомоти назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хўроквориро бо қоидаю меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад.

8. Фурўши маҳсулоти ҳайвонот ё растанӣ дар ҷойҳое, ки барои ин амал ҷудо нашудааст ё аз ташхиси беҳдошти байторӣ нагузаштааст, манъ аст. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маҳсулоти ҳайвонот ё растанӣ бо тартиби муайяннамудаи қонуни мазкур мусодира ва нобуд карда ё барои коркарди махсус фиристода мешавад.

9. Шахсони масъули нуқтаҳои савдо барои иҷозат додан ба фурўши маҳсулоти аз ташхиси беҳдошти байторӣ нагузашта ҷавобгар мебошанд.

10. Фурўши ҳайвонот бе шаҳодатномаи байторӣ, рақами фардӣ ва шиносномаи байторӣ манъ аст.

Моддаи 18. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми шикори сайд Ташкилотҳои шикорӣ вазифадоранд, ки барои коркарди сайд мутобиқи талаботи беҳдошти байторӣ майдончаҳои махсус таҷҳизонад ва ташхиси беҳдошти байтории сайдро, ки дар хўрок истифода мешавад, таъмин намояд.

Моддаи 19. Хуқуқ ва ўҳдадориҳои нозирони давлатии байторӣ

1. Нозирони давлатии байторӣ дар фаъолияти худ мустақил буда, талаботҳои қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.

2. Нозирони давлатии байторӣ ҳуқуқ доранд:

- ба объектҳои таҳти назоратбудаи ҳудуди дахлдор бе мамониат дароянд (бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ) ва барои муайян кардани ҳолати эпизоотӣ, ошкор намудани сабабҳои бемории ҳайвонот, муайян кардани сифати беҳдошти байтории маҳсулоти ҳайвонот маълумоти зарурӣ гиранд.

3. Сарнозири давлатии байтории ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, дар ҳолатҳои мустасно метавонад ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷи¬кистон таклифу пешниҳодҳои дахлдор ирсол на¬мояд.

4. Ба ваколати Сарнозири давлатии байтории ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ў дохил мешаванд:
- ташкил ва амалӣ кардани назорати давлатии байторӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интишори санадҳои иҷрояшон ҳатмӣ бо мақсади амалӣ сохтани назорати давлатии байторӣ дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар ваколатҳое, ки ба қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

5. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишони фарқкунанда таъмин карда мешаванд.