Хабарҳо
Омори расмӣ
Робита бо ҷомеа
Робитаҳои байналмилалӣ
Забон


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ» №498, аз 26.03.2009 с.


БОБИ 2. МАҚОМИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ НАЗОРАТИ ФИТОСАНИТАРӢ ВА КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ

Назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зиммаи мақоми ваколатдорест, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Низомнома, сохтор ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 5. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ салоҳияти зерин дорад:

- риояи қоидаҳо ва меъёрҳои карантини растаниро таъмин менамояд ва назорати давлатии карантини фитосанитариро дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад;
- қоида ва меъёрҳои таъмини карантини растаниро муайян менамояд;
- номгўи организмҳои зараррасони карантиниро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- принсипҳои таснифи организмҳои зараррасони карантинӣ ва ташхиси хатари фитосанитариро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ муқаррар мекунад;
- сертификатсияи карантини фитосанитарии маводи таҳти карантинро амалӣ намуда, сертификати фитосанитарӣ медиҳад;
- барои ворид намудани маводи таҳти карантин мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ иҷозати воридоти карантинӣ медиҳад;
- рўйхати маводи таҳти карантинро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия намуда, барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- шарт ва талаботи ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз он содир намудани маводи таҳти карантинро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ муқаррар менамояд;
- амалисозии чораҳои фитосанитариро нисбати организмҳои зараррасони карантинӣ назорат мекунад;
- организмҳои зараррасони дар ҷумҳурӣ паҳншавандаро, ки ба рўйхати организмҳои зараррасони карантинӣ дохил нестанд, омўхта, оид ба таснифи онҳо қарор қабул менамояд;
- таҳқиқи назоратии маводи таҳти карантиниро анҷом медиҳад;
- вазъи карантини фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;
- маводи таҳти карантинро безарар мегардонад;
- ҳангоми ошкор намудани организми зараррасони карантинӣ дар ҷараёни назорати моли воридшаванда мақоми таъмини карантини растанӣ давлати содиркунандаи молро хабардор менамояд.

Моддаи 6. Ҳуқуқҳои шахси мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро бар ўҳда дорад

Таъмини назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ мебошад.

Шахси мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро амалӣ мекунад, дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

- маводи таҳти карантин қарордоштаи соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияти ташкилотҳое, ки маводи мазкур ба онҳо тааллуқ дорад, бемамониат аз назар гузаронад;
- аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон доир ба карантини растанӣ маълумоти хаттӣ гирад;
- таҳқиқи карантини фитосанитарии маводи таҳти карантинро амалӣ намояд ва маводи таҳти карантин, аз ҷумла ҷойҳои тайёр кардану фиристодани онро аз назар гузаронад;
- аз маводи таҳти карантин намуна гирад;
- истеҳсол, тайёр кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он содир намудан, ҳамлу нақл, нигоҳ доштан, коркарду истифода ва фурўхтани маводи таҳти карантинро манъ кунад ё боздорад;
- ба ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон оид ба рафъи хилофкориҳои таъмини карантини растанӣ амру дастурҳо диҳад, ки иҷрояшон дар мўҳлати муқарраргардида ҳатмист;
- дар бораи безарару тоза ва нест кардани маводи заҳролуд, (дегазатсия) баргардонидани маводи таҳти карантин қарор қабул кунад;
- ҳангоми зарурат бо мақсади таъмини тозагии фитосанитарӣ маводи таҳти карантинро ситонад ва нобуд созад;
- дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъмини карантини растанӣ ба амал барорад.

Бо ҳар роҳ таъсир расонидан ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро ба зимма доранд, бо мақсади дахолат намудан ба қабули қарор ва ё ба фаъолияти онҳо манъ аст.