Хабарҳо
Омори расмӣ
Робита бо ҷомеа
Робитаҳои байналмилалӣ
Забон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №595 тасдиқ шудааст


Низомномаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.

2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳад.

4. Кумита шахси ҳукуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, муҳру, штампҳо ва бланкҳои намунаи муқарраргардида, бланкҳои нишондор, инчунин суратҳисоби дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда мебошад.

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

5. Дар соҳаи байторӣ:

– таҳия ва тасдиқи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои байторӣ;

– ҳифзи ҳудуди мамлакат аз воридшавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот;

¬¬¬- муайян намудани тартиби гузаронидани зкспертизаи байторию санитарӣ, сертификатсиякунонии маҳсулоти чорводорӣ ва ҳайвонот, воситаҳои биологӣ ва дорувории байторӣ;

– назорати ҳолати байторию санитарии нуқтаҳои савдои ҳайвонот дар бозорҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо ва намоишгоҳҳои ҳайвонот;

– ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол, истифода, коркард, нигоҳдорӣ, хариду фурўш, транзити маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, бо мақсади пешгирии пайдоишу паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва зооантропонозҳо;

– дар амал ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникии соҳаи байторӣ;

– ривоҷ додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ;

– риояи талаботу меъёрҳои экспертизаи байторию санитарии маҳсулоти чорводорӣ ва ашёи хоми ҳайвонот, маҳсулоти хўрокворӣ;

– бақайдгирӣ ва назорати сифати маводи ташхисӣ, профилактикӣ ва табобатии байтории воридшаванда;

– дар ҳолати зарурӣ бемонеа ворид шудан ба ҳудуди иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳалли зисти шаҳрвандон, дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи қонунҳои амалкунанда гирифтани маълумоти зарурӣ аз онҳо;

– ба субъектҳои байторӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандон додани супориши дахлдор доир ба бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузории байторӣ;

– манъ кардани фурўш ва истифодаи маводи биологӣ ва дорувории байтории пастсифат ва ба номгўи феҳристи давлатӣ дохилнагардида;

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ боздошт ва мусодира кардани чорво ва маҳсулоти чорвое, ки аз минтақаи карантинӣ бе иҷозат бароварда мешаванд;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҳолатҳои эпизоотӣ, офатҳои табиӣ бо пешниҳоди сертификат ва шаҳодатномаи бақайдгирии мамлакати истеҳсолкунанда додани иҷозат ба воридкунандагони дорувории байторӣ, иловаҳои хўроки ҳайвонот;

– дар асоси баҳодиҳии хавфҳо дар ҳама объектҳои назоратӣ, гузаронидани санҷишу назорат ва баровардани амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ. Дар ҳолати зарурӣ сафарбар намудани муассисаҳои давлатии тобеъ барои таъмини назорати давлатӣ;

– гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии хавфҳо ҳангоми муайян намудану банақшагирии амалҳо, тадбирҳо ва тақсимоти захираҳо;

– дар доираи салоҳияти худ таҳия намудани қоидаҳои фаъолият ва пешниҳоди таклифҳо оид ба ташкил ва бекор кардани махдудиятҳои байторӣ (озод аз бемориҳои сироятӣ, таҳдидкунанда, таҳти назорат қарордошта) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳдудиятҳои дигаре, ки ба пешгирии паҳншавӣ ва бартараф иамудани манбаи бемориҳои сироятӣ ва оммавии ҳайвонот равона гардидаанд. Таъмин ва ба роҳ мондани тартиби назорати молҳои дахолатнопазир ҳангоми интиқол;

– тартиб додани феҳристи ягонаи объектҳои назорати субъектҳои хоҷагидор, ки дар соҳаи таъминоти озуқаворӣ (корхонаҳои истеҳсолу коркарди гўшту шир, маҳсулоти дигар аз ҳайвонот, коркарди хўроки чорво, иловаҳои хўроки ҳайвонот ва ғайра) фаъолият мекунанд;

– таҳия ва амалисозии барномаҳои маҷмўавии давлатӣ, тадбирҳои илмӣ ва махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани манбаъҳои ҳатар;

– муайян намудани тартиби гузаронидани экспертизаи байторӣ ва байторию санитарӣ;

– назорати масьалаҳои босифат гузаронидани бордоркунии сунъӣ ва қобилияти такрористеҳсолкунии чорво. Сертификатсияи маҳсулоти чорводорӣ ва ашёи хоми ҳайвонот. Назорати сифат, бехатарии хўроки чорво, маводи табобатӣ ва профилактикии ватанию хориҷӣ;

– ташкил ва гузаронидани санҷишҳо, ташхисҳо, таҳлил ва арзёбии зарурӣ, инчунин тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои назорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

– ҷорӣ намудани низоми ҳаммонандкунӣ, бақайдгирии ҳайвонот ва хоҷагиҳои чорводорӣ ва назорати ҷойивазкунии чорво;

– назорати боқимондаҳо ва контаминантҳо дар маҳсулоти озуқавории истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, маҳсулоти чорводорӣ ва ашёи хоми ҳайвонот;

- гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ пеш аз забҳи чорво, инчунин ташхиси сифати маҳсулоти чорво пас аз забҳ;

– таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии бемориҳои ҳайвонот дар ҳолатҳои фавқулода;

– назорати нигохдорӣ ва фурўши дорувориҳои байторӣ ва биологӣ;

– асосноккунӣ ва ҳамасола таҳия намудани пешниҳодот оид ба зарурати маблағгузории чорабиниҳои байторӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;

– таъсис ва таъмини фаъолияти низоми иттилоотӣ;

– омода ва нашри бюллетенҳои ҳармоҳа ва солона оид ба пешгўӣ ва таҳдиди паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот, таҳияи саривақтии дастуру тавсияҳо дар соҳаи ҳимояи солимии ҳайвонот;

– таъмин намудани омодагии мобилизатсионӣ;

– ташкили омўзиш, такмили ихтисоси кормандони соҳаи байторӣ, гузаронидани семинарҳо, намоишҳо ва муҳокима доир ба мавзўъҳои касбӣ дар соҳаи байторӣ ва беҳдошти байторӣ;

– дар доираи фаъолияти худ таъсис додани марказҳои машваратӣ ва мақомоти экспертӣ (шўроҳо, комиссияҳо, гурўҳҳо);

– тибқи тартиби мукарраргардида ҷалб намудани муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, олимону мутахассисон барои таҳия ва такмили масъалаҳои марбут ба соҳаи мукарраргардидаи фаъолият;

– тибқи тартиби мукарраршуда намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти озукаворӣ;

– бастани қарордодҳои давлатӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

– интихоб ва сафарбар намудани мутахассисон ба кишварҳои хориҷӣ барои аккредитатсияи байтории таҳвилгари эҳтимолӣ ҳангоми воридоти маҳсулот;

– бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатҳои ҳамсоя, хадамоти гумрукӣ ва сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани санҷиш ва иҷрои корҳои назоратӣ дар ҳудуди 3 - километраи минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳудудҳои назди дарёҳо, кўлу обанборҳо, каналҳо, фурўдгоҳҳо, толорҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан;

– додани аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба забҳ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурўши гўшт, маҳсулоти гўштӣ, ашёи хоми ҳайвонот, воридоту содироти он дар ҳудуди ҷумҳурӣ машғуланд;

– таҳияи низоми ягонаи стандартизатсия ва сертификатсияи маводи байтории ватанӣ ва назорати сертификатсиякунии давлатии маводи байтории хориҷӣ;

– дар мавриди зарурӣ ҷалб намудани мутахассисони байторӣ, кормандони муассисаҳои байторӣ, кормандони муассисаҳои илмӣ, илмию тадқиқотӣ ҷиҳати муайян намудани бемориҳои ҳайвонот ва сабабҳои пайдоиши онҳо;

– тақсимоти лимитҳои марказонидашуда дар буҷети давлатӣ барои сохтмон, таҷдид, барқарорсозии заминаи истеҳсолию техникӣ, хариди техника, асбобҳо ва таҷҳизотҳои махсусгардонидашудаи байторӣ пешбинигардида;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳукуқӣ муқаррар намудаанд.

6. Дар соҳаи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:

– анҷом додани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ;

– гузаронидани назорати карантинӣ, ташхиси лаборатории маҳсулоти растанӣ ва маводи дигари воридотӣ ва содиротӣ, аз ҷумла растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки дар дохили бағоҷ, муросилоти почта ва борҳои дастии мусофирон ворид ё содир карда мешаванд;

– ташкили солимгардонӣ ва безарарсозии карантинии маҳсулоти растанӣ ва маводи дигар, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки аз давлатҳои дигар ва аз минтақаҳои таҳти карантин эълоншудаи ҷумҳурӣ ворид мегарданд;

– сари вақт ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона, гузаронидани таҳқиқи назоратии киштзорҳо, ҷангалзорҳо ва ғайра, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанӣ;

– муқаррар намудани минтақаҳои карантинӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

– назорати фаъолияти парваришгоҳҳои карантинӣ, қитъаҳои навъсанҷӣ, гармхонаҳое, ки санҷиши ҳолати карантинии тухмӣ ва растаниҳои аз давлатҳои дигар, инчунии минтақаҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти карантин эълонгардида воридшавандаро анҷом медиҳанд;

– таҷдиди назар ва тасдиқ намудани номгўи зараррасонҳои карантинӣ, барангезандаҳои касалиҳои карантинии растанӣ, алафҳои бегонаи карантинӣ, ки нисбат ба онҳо чорабиниҳои давлатӣ оид ба карантини растанӣ муқаррар ва амалӣ карда мешаванд;

– дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нашр намудани номгўи объектҳои биологие, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани онҳо манъ мебошад;

– таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои карантини дохилӣ ва берунии растанӣ;

– назорати киштзорҳо ва ниҳолзорҳо дар парваришгоҳҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои парвариши гулҳои ороишӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва кўчати озод аз зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои расганӣ ва алафҳои бегонаи карантинӣ;

– амалӣ намудани назорати доимии риояи ҳатмии маҳдудиятҳо ва гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ аз ҷониби роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, инчунин шаҳрвандон;

– тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинару намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигар;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартнома ҷалб намудани мутахассисон барои гузаронидани чорабиниҳо;

– дар ҳолати зарурӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ харидорӣ намудани фумигантҳо ва пеститсидҳои дигар;

– таъсис додани дастаҳои махсуси фумигатсионӣ, дастаҳои сайёри бо техника, дастгоҳҳо ва воситаҳои ҳифзи растанӣ ҷиҳозонидашуда оид ба рафъ ва пешгирии паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинӣ;

– интихоб ва роҳбарӣ намудан ба фаъолияти мутахассисони карантини растанӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба мамлакатҳои хориҷӣ барои анҷом додани санҷиши карантинии ҳаҷми калони борҳои карантинии воридотӣ фиристонида мешаванд;

– дар доираи маблағҳои пешбинигардида ташкил ва гузаронидани курсҳои махсус барои кормандон;

– ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бемонеа ворид шудан ба ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, анборҳо, элеваторҳо, вагонҳои мусофирбар ва боркаш, ҳавопаймоҳо, ба ҳудуди намоишгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, пажўҳишгоҳҳо, стансияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳо, бозорҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин ба корхонаҳое, ки захиракунӣ, коркард ва фурўши тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ новобаста аз шакли моликияташон, машғул мебошанд ва қитьаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон;

– тартиб додани протоколҳо, санадҳо, амрномаҳо оид ба вайронкунии қоидаҳои карантини растанӣ нисбат ба вайронкунандагони қонуну қоидаҳо;

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз шахсони ҳуқуқию воқеӣ ситонидани зиёне, ки онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ расонидаанд;

– муайян намудани манбаъ ва минтақаи бо объектҳои карантинӣ олудашуда бо мақсади эълон намудани карантин;

– пешниҳод намудани дархост ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи эълон ё бардоштани минтақаи карантинӣ дар хоҷагиҳо, ҳудуд ё қисми ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилот, маҳалҳои аҳолинишин ё ноҳияҳо;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ боздошт ё мусодира намудани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз минтақаи карантин эълонгардида бе иҷозат бароварда шудаанд;

– додани иҷозатномаи воридоти карантинӣ барои воридоти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта;

– дар сурати ба миён омадани таҳдиди воридшавию паҳншавии объектҳои карантинӣ аз давлатҳои ҳамсоя, дар мувофиқа бо мақомоти сарҳадот ва гумрук ҷорӣ намудани тартиботи иловагии маҳдудкунии воридоти маҳсулоти таҳти карантин;

- додани иҷозат барои воридоти маҳсулоти таҳти карантин тавассути нуқтаҳои сарҳадӣ, гумрукӣ, почтамтҳо ва ғайра пас аз санҷиши карантин, дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои аз фитосанитарию карантинӣ ё мавҷуд будани мўҳр дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ё содиротӣ;

– ҳангоми ошкор намудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти воридотӣ, онро ҳатман безарар (фумигатсия) карда, бо мақсади ошкор намудани олудагии ниҳонӣ ва солимгардонии маҳсулоти мазкур онро ба парваришгоҳҳои интродуксионӣ - карантинӣ фиристонанд ё дар ҳолати зарурӣ ба коркарди техникӣ равона намоянд;

– аз ташкилотхо ва шахсони алоҳидаи содиркунанда талаб намудани хабари расмӣ на дертар аз 30 рўз то муҳлати интиқоли маҳсулоти таҳти карантинӣ ва на дертар аз 15 рўз то бор карда фиристодан барои санҷиш пешниҳод намудани маҳсулот;

– бо мақсади сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои карантинӣ аз роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, талаб кардани ҷудо намудани кормандони ваколатдор;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида аз маъмурияти истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо ва ғайра аз ҳисоби соҳибони бор талаб намудани ҷудо кардани воситаҳои нақлиёт, анбор, бинои хизматӣ, маводи ёрирасон ва коргарони ёрирасон;

– назорати ҳамаи мошинҳо, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ, тухмӣ, растаниҳо ва маҳсулоти дигари растанӣ, ки аз хориҷа ворид ё ба хориҷа содир карда мешаванд, нақлиёт (ҳавопаймоҳо, вагонҳо, контейнерҳо, мошинҳо, автобусҳо ва ғайра), ки аз хориҷа ворид мегардад ё аз ҷумҳурӣ хориҷ мешавад, инчунин аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба тариқи транзит мегузарад, дар минтақаи секилометраи ҳамҳудуди сарҳади давлатӣ, минтақаҳои ҳамҳудуди дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо, каналҳо, бандарҳо, фурўдгоҳҳо, роҳҳои оҳан, вокзалҳо, роҳҳои мошингард;

– назорати воситаҳои бастабандӣ, зарфҳо, ки аз растанӣ ё аз пўсту пашм тайёр карда шудаанду ба ҷумҳурӣ ворид ва ё аз ҷумҳурӣ содир мешаванд, бағоҷ, зарф, борҷома, борхалтаи дастии мусофирон, ки ба хориҷа содир ва ё аз хориҷа ворид мегарданд, инчунин муросилоти почтавӣ, ки растанӣ, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти чарму пашм доранд;

– назоратӣ таъмини ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридоти касалию ҳашароти зараррасон аз кишварҳои дигар ва паҳншавии онҳо (касалию зараррасонҳои карантинӣ ва ғайрикарантинӣ), инчунин организмҳо, растаниҳо, воридот, интиқол ва содироти молҳои хавфноки соҳаи ба маводи таҳти назорати фитосанитарӣ буда, организмҳо ва растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда;

– таҳия ва амалисозии барномаҳои маҷмўавии давлатӣ, тадбирҳои илман асоснок ва махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани хатари нуқтаҳои пайдоишу паҳншавии воситаҳои таҳдидкунанда;

– ташкил намудани гузаронидани санҷишҳо, экспертиза, таҳлил ва арзёбии зарурӣ, инчунин тадқиқотҳои илмӣ оид ба амалӣ намудани назорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;

- назорати ҳолати фитосанитарии ҳосили зироат пеш аз ҷамъоварӣ, ҳамгоми иигоҳдорӣ, тамғагузорӣ ва ба фурўш баровардани он;

– омода ва нашри бюлетенҳои ҳармоҳа, солона оид ба пешгўӣ ва таҳлили паҳншавии организмҳои зараррасони карантинию ғайрикарантинӣ ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ;

– амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқукӣ муқаррар намудаанд.

7. Дар соҳаи тухмӣ:

– назорати навъҳо, тухмӣ ва ниҳолҳо;

– назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;

– сертификатсияи тухмӣ ва ниҳолҳо;

– ташкил ва амалӣ намудани назорати навъҳо ва тухмии гурўҳҳои алоҳидаи тухмӣ;

– назорати сифати ҳар як маҷмўи тухмӣ ва ниҳоли барои фурўш пешбинишуда;

– гузаронидани таҳлилҳои назоратӣ, муқоисавӣ, мураккаби тухмӣ, инчунин экспертизаи он;

– назорати фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва ниҳолҳо;

– омода намудани меъёрҳои илман асоснокшудаи сифати тухмӣ ва таҷҳизоти техникии ташхиси сифати тухмӣ барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– амалӣ намудани фаъолияти ташкилӣ ва методӣ барои таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ ҳангоми ташхиси сифати тухмӣ;

– ташкил ва назорати стандартикунонии дохилӣ ва байналмилалии тухмӣ, ниҳолҳо ва усулҳои ҳаммонандкунии онҳо, банақшагирӣ ва идоракунии ин фаъолият;

– назорати риояи стандартҳои давлатии тухмӣ ва ниҳолҳо аз ҷониби хоҷагиҳо, ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки бо истеҳсол, такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот, фурўши тухмӣ ва ниҳол машғуланд;

– тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани семинарҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи фаъолият;

– дар доираи маблағҳои пешбинигардида барои кормандони худ ташкил намудани курсҳои махсус дар дохили кишвар ва берун аз он;

– банақшагирӣ ва амалӣ намудани назорати мутамаркази сифати тухмӣ ва ниҳолҳо, инчунин ташкил ва гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ва ниҳолҳо;

– назорати навъ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории навъу сифати тухмӣ бо мақсади сертификатсияи маҷмўи тухмии ба фурўш пешниҳодшуда;

– таҳияи усулҳо ва меъёрҳои интихоби намунаи тухмӣ ва арзёбии сифати он;

– таҳияи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, усулҳои назорати навъ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхисҳои лаборатории навъхо;

– санҷиши стандартҳои нави соҳавӣ ва таҷҳизоти нави барои ташхиси тухмӣ пешбинишуда ва барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод намудани онҳо;

– ҷамъоварии маълумот дар бораи назорати сифати тухмӣ, ниҳолҳо, сертификатсия ва ташкили маҳзани маълумот;

– тибқи тартиби муқарраргардида интихоб ва ташхиси намунаҳои тухмӣ, инчунин ташкил намудани нигохдории онҳо;

– пешниҳоди таклифҳо барои беҳтар намудани сифати тухмӣ;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун назорат кардани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо истеҳсол, такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот ва фурўши тухмӣ машғуланд ва ба таври ройгон гирифтани маълумоти зарурӣ аз онҳо;

– ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ манъ кардани фурўш ё истифодаи тухмӣ, инчунин ниҳолҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ тибқи қонунгузорӣ;

– тартиб додани протоколҳо, санадҳо ва амрномаҳо нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои тартиби истеҳсол ва такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот ва фурўши тухмию ниҳолҳо;

– додани сертификатҳои сифат дар асоси натиҷаи сертификатсия ба маҷмўи тухмӣ ва ниҳолҳо;

– додани шаҳодатномаи навъ ва сифат дар асоси ташхиси лабораторӣ ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ;

– додани тамғакоғаз ва тамғаҳои муқарраршуда ба борҷомаю воситаҳои борбандии ҳар як маҷмўи тухмии сертификатсияшуда;

– додани дастуру пешниҳодҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд;

– додани тавсияҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати сертификатсияи тухмӣ, тартиби хуҷҷатҳои меъёрӣ, усулҳои нав ва таҷҳизоти ташхиси сифати тухмӣ;

– ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии соҳа оид ба сертификатсияи тухмӣ;

– амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

8. Дар соҳаи зотпарварӣ:

– муайян намудани самтҳои асосӣ ва барномаҳои беҳтар кардани сифати зотҳо (чорво, паранда, моҳӣ ва занбўриасал);

– ба вуҷуд овардани зотҳо, ҷинсҳо, хелҳо ва дурагаҳои навъи сермаҳсул дар соҳаи чорводорӣ ва назорати давлатии онҳо;

– ҷорӣ намудани низоми ягонаи хушзотгардонӣ дар соҳаи чорводорӣ;

– ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фонди ирсӣ ва кори зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ;

– гузаронидани аттестатсияи субъектҳои зотпарварӣ (ба онҳо додани мақоми заводи зотпарварӣ, хоҷагии зотпарварӣ ва фермаи зотпарварӣ);

– таъмини риояи истифодаи оқилонаи захираҳо дар соҳаи чорводорӣ, гузаронидани кори селексионӣ дар корхонаҳои зотпарварӣ, инчунин тиҷорати байнидавлатӣ дар соҳаи чорводорӣ;

– иҷрои санадҳои меъёрӣ оид ба кори зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии ҳайвонот, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти зотӣ;

– таъмини риояи низомҳои қабулшудаи парвариш дар соҳаи чорводорӣ, барномаҳои кори зотпарварӣ, нақшаҳои парвариши маҳсулоти зотӣ, тақсимот ва истифодаи оқилонаи захираҳои маҳсулоти зотӣ;

– нигоҳ доштан ва такмил додани зотҳо дар соҳаи чорводорӣ дар минтақаҳои парвариши онҳо, инчунин дар хоҷагиҳое, ки барои нигоҳ доштани фонди ирсии ин зотҳо масъуланд;

– ворид кардани намудҳои нави зотҳои соҳаи чорводорӣ ба ҷумҳурӣ ва ташкили санҷиши қиёсӣ аз рўи арзиши истеҳсолӣ ва зотии онҳо;

– дар амал ҷорӣ намудани кашфиёти нисбатан муҳимми илмию техникии соҳаи зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии ҳайвоноти кишоварзӣ;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан ба корхонаҳои зотпарварӣ ва дар доираи салоҳияти худ аз онҳо гирифтани маълумоти зарурӣ;

– додани дастурҳо ба субъектҳои зотпарварӣ ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузорӣ дар кори зотпарварӣ;

– махдуд кардани содироти маҳсулоти махсусан пурарзиши зотӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– назорати ҷорӣ намудани усулҳои нави технологӣ, асбобу таҷҳизот, мавод, усулҳои биотехнологӣ дар истеҳсол, парвариш ва фурўши маҳсулоти зотӣ;

– пешгирӣ намудани исгифодаи ҳайвоноти наринаи наслдеҳ ва нутфаи онҳо, ки ба талаботи муқарраргардидаи сифат ҷавобгў нестанд;

– боз доштан ё манъ кардани фурўши маҳсулоти зотӣ дар субъектҳои зотпарварие, ки дар ҳисобу китоби зоотехникӣ на технологияи истеҳсоли онҳо камбудиҳои ҷиддӣ ошкор шудаанд;

– мувофиқи тартиби мукарраргардида пешниҳод намудани таклиф ҷиҳати паст ё баланд кардани мақоми хоҷагиҳои субъектҳои зотпарварӣ;

– муайян намудани самтҳои фаъолияти марказҳои селексионӣ, ассотсиатсияҳо ва шўроҳои илмию техникии соҳаи зотпарварӣ, боз доштани фаъолияти онҳо дар ҳолати таъмин накардани дараҷаи талаботи гузаронидани корҳои такмил ё нигоҳ доштани зот;

– манъ кардани истифодаи усулҳои технологӣ, асбоб, таҷҳизот, мавод, маҳсулоти зотӣ ва усулҳои биотехнологии бо тартиби муқарраргардида санҷиданашудаи парвариши маҳсулоти зотӣ;

– амалӣ кардани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

9. Ба кумита раис роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Раис муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ў аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Шумораи муовинони раис аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

11. Ваколатҳои раис:

– барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;

– роҳбарии умумии фаъолияти кумитаро ба амал бароварда, кори онро ташкил, ҷиҳати анҷоми фаъолият фармонҳо содир мекунад;

– дар доираи ваколатҳо муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кумита гузошташуда муайян менамояд;

– тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ намунаҳои муқарраршудаи либосҳо, аломатҳои фарқиятро пешниҳод менамояд;

– оид ба ворид кардани тағйирот ба қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар соҳаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

– дастурамали мансабӣ, низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва низомномаю оинномаҳои ташкилотҳои тобеи кумитаро тасдиқ менамояд;

– тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзии кормандони кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;

– рўйхати мансабҳо, сметаи даромад ва хароҷоти кумита ва ташкилотҳои тобеи онро таҳия ва тасдиқ менамояд;

– дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандон ҷазои интизомиро татбиқ менамояд;

– роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дигари кумитаро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- кормандони шоистаро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;

– дигар ваколатҳои барои кумита муқарраргардидаро тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад.

12. Роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ҳамзамон сарнозири давлатии соҳавӣ буда, аз ҷониби раиси кумита ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Номи расмии кумита:

– бо забони тоҷикӣ - Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо забони русӣ - Комитет продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан;

– бо забони англисӣ – Соmmittee fог fооd security under the Government of the Republic of Tajikistan.

14. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 78, индекс - 734001.