Таҷлили рӯзи парчами миллӣ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони
22-юми ноябри соли 2022 бахшида ба ҷашни Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита Файзуллозода М.У дар баромади худ ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, иброз намуд,ки Парчами миллӣин нишонаи истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдатӣ миллӣ мебошад,яъне ҳар давлат тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад.Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-ум сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Дар конференсияи илмӣамалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 октиябри соли 2009 доир гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардаанд,ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон ва ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.
Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар қатори дигар парчамҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Сипас,барномаи махсус дар васфи парчами тоҷикон ва дар мавзӯъҳои ВатанМодар ва истиқлолияту ҳувияти миллӣ,ки аз ҷониби кормандони Кумита омода гарда буд пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ба воситаи монитор суруду таронаҳои ҷазоб,ки аз ҷониби устодони санъати тоҷик садо дода шуд.
Кумита
Хабарҳо ва эълонҳо
- НАМОИШ ФУРУШӢ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 14.08.2023
- Корҳои назоратӣ дар самти фитосанитарӣ 24.07.2023
- Нашри матбуотӣ 20.07.2023
- КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 19.07.2023