Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Сада-мужда аз фарорасии Наврӯз

shaftolu

 

Ҷашни сада баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва лнро маъмулан ҷашни оташафрӯз меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъди дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқуъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мегардад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух  медҳад, ки табиатро барои эҳё омода месозад.

 

      Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст,ки вожаи Сада марбут ба рақами сад-мебошад. Ҷашни мазкур панҷоҳ рӯз то Наврӯз ва сад-рӯз то ҷмъоварии ғаладонагиҳо таҷлил мегардад. Ниёгони мо дар ин бдра гуфтаанд: Сада,Сада,  сада ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз.

    Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст,чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳавова хок мебошад. Аз ин лиҳоз, моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва ҳурмату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур,меҳру муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшноист. Бинобар ин, яке аз аркони Сада афрӯхтани гулхонаҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Дташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад.

     Аз аҳди Бостон то ин дам кишоварзон ҷашни Садаро интизорӣ  мекашад. Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷуйборҳо, мондани  яхоб, пошидани пору ба замин, шохабурии дарахтон, омода намудани  тухмӣ ва мошинолоти кишоварзӣ, нигоҳбини махсусан чорво ва ҳайвоноти хонагӣ бароӣ аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус биандешанд.

       Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки сол то сол ба истиқболи ҷашни Сада кишоварзони ҷумҳурӣ бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, истеҳсоли маҳсулоти  соҳаро бо маротиб зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишоварзони мамлакат  миннатдорӣ баён намуданд.

      Мақомоти бехатарии озуқаворӣ низ бо мақсади сазовор истиқболгирии ҷашни Сада корҳои мушаххасеро иҷро намуда,ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.Барои беҳтар намудани шароити коррии кормандон ва таъмин намудани озмоишгоҳоии соҳавии худ бо таҷҳизот ва асбобу анҷоми ташхиси корҳои созандагиву ободониро сармашқи кори худ қарор дода,дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ш.Шоҳин,Сангвор,Деваштиҷ ва Рошқалъа биноҳои маъмурии марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озукавориро сохта ба истифода додааст.

      Кормандони Кумитаи бехатарии озукавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳан, ки ҳамасола ҷашни муқаддаси ниёгонамон-Садаро бо дастовардҳои назарас пешвоз гиранд.Ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик ба такрор омадани ҷашни Садаро истиқбол намуда, пешвоз гирифтани онро бо базму тараб ва хурсандию хушнудӣ пас аз ҳиҷрону интизории тӯлонӣ гиромӣ медоранд ва фараҳмандии аҷдодони моро зимни фарорасии ин ҷашни суннатии сол,ки навиде аз омадани Наврӯзи хуҷастапай дарак медиҳад, шодбош мегӯянд.Садаи фаррухсоли гузашта ба диёри мо бо қудуми нек ворид гардида буд ва мо орзуи онро дорем ,ки имсол ҳам ҷашни Сада барои деҳқонони мамлакат соли пур файзу  бобарор хохад гардид.


Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.