ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!
Рӯзи 6-майи соли 2023 дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 78-умин солгарди иди Ғалаба чорабинии идона баргузор гардид. Меҳмони чорабини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ширкат намуданд.Сухани ифтитоҳиро Раиси Кумита муҳтарам Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло оғоз намуда, ҳозиринро бо 78-умин солгарди иди Ғалаба муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки ҷаҳон дар асри ХХ бо ду ҷанги ҷаҳони рӯбарӯ гашт, ки дар маҷмуъ танҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон беш аз 40 миллион аҳолии сайёра қурбон шуд. Дар ин ҷанги мудҳиш даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо низ баҳри дифои марзу буми Ватани хеш иштирок намуданд, ки мутаассифона беш аз 50 ҳазори онҳо ба Ватан барнагаштанд. Ба хотири номи неки қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватани лаҳзаи хомӯшӣ эълон карда шуд.Баъдан суханро ба Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло доданд. Муҳтарам Қурбонзода У. дар суханрониаш иброз намуд, ки Ҷанги бузурги Ватанӣ дарси ибрат барои тамоми насли наврас мебошад.
Дар рафти чорабини мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Сангов Амирхуҷа мухтассари шарҳи ҳодисаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро шарҳ дод.
Кумита
Хабарҳо ва эълонҳо
- Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ 27.05.2023
- Иштироки роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии созмони умуми ҷаҳонии солимии ҳайвонот 23.05.2023
- Иштироки кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Давӣ милли ». 22.05.2023
- Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти бехатарии озуаворӣ 30.03.2023