Мушкилиҳо дар самти зотпарварӣ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 570 дар ҳисоби “Шабакаи муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ”, ҳамагӣ 80 адад хоҷагиҳои зотпарварӣ шомил мебошад, ки аз ин дар 15 адад хоҷагиҳои зотпарварӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои зотпарварии ҶСК ба номи “Э.Бойматова”-и шаҳри Конибодом, ба номи “Р.Набиев”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶДММ “Чорводор” -и ноҳияи Кӯшониён, “Сағирдашт” -и ноҳияи Дарвоз, “А.Саломов” -и ноҳияи Рашт, “Чорводори Нов” -и ноҳияи Спитамен, “Тебалай”-и ноҳияи Муъминобод, “Хоҷа-Мумин”-и ноҳияи Восеъ, “Резгиф”-и Кӯҳистони Мастчоҳ, “Ванқалъа”-и ноҳияи Шуғнон, “И.Меликмуродов”-и ноҳияи Шаҳринав, ба номи “А.Кенҷаев”и шаҳри Ваҳдат, “Асппарвар”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ “Занбӯрпарварони Варзоб”-и ноҳияи Варзоб, “Парандапарвар”-и ноҳияи Шаҳринав, саршумори ҳайвоноти кишоварзӣ, занбӯри асал ва паранда тамоман вуҷуд надошта, ба ном ҳамчун хоҷагиҳои зотпарварӣ ҳисобида мешаванд.
Бинобар ин шуъба оиди ин камбудиҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.02.2023 мактуб ирсол намуда, ҷиҳати иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2023, №13838(28-7) вобаста ба барқарор намудани саршумори чорвои зотӣ, паранда ва оилаи занбӯри асали хоҷагиҳои зотпарварӣ чунин иттилоъ медиҳад, ки бо ин мақсад бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои масъул гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис додашуда, дар хоҷагиҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои таҳлилӣ гузаронида, чунин камбудиҳо муайян карда шуданд:
Дар вилояти Суғд 4 адад хоҷагиҳои зотпарварии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла хоҷагиҳои «Э. Бойматова» и шаҳри Конибодом, «Р. Набиев» и ноҳияи Б. Ғафуров, ҶСШК «Чорводори Нов»-и ноҳияи Спитамен ва «Резгиф»и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Дар хоҷагии «Э. Бойматова» и шаҳри Конибодом дар соли 2021 саршумори чорвои зотӣ 68 сарро ташкил дода, лекин дар ҳисоботи оморӣ қайд нагардида буд. Дар вақти гузаронидани таҳлил 56 сар ( аз ин 42 сар чорво аз тарафи саҳмдори хоҷагӣ Олимов И ва 14 сар аз тарафи саҳмдор Нурматов Р.) чорвои калони шохдори зоти сиёҳало барқарор ва ба ҳисоботи муҳосибии хоҷагӣ ворид карда шуд. Барои барқарор намудани саршумори кам омади боқимонда то охири соли 2023 роҳбарияти хоҷагӣ вазифадор карда шудаанд. Ғайр аз ин, дар ихтиёри хоҷагӣ 104 га замин барои кишти хӯроки чорво боқи монда, дигар заминҳо тибқи шартнома ба саҳмдорон тақсим карда шудааст.
Дар хоҷагии зотпарварии «Р. Набиев» и ноҳияи Б. Ғафуров то ба давраи соли 2015 ҳамагӣ 68 сар чорвои зотӣ мавҷуд буда, лекин ба ҳисоботи омории ноҳия пешниҳод нашуда буд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар давраи таҳлил, 28 сар чорвои калони шохдори зотӣ шведӣ ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шуда, боқимондаи саршумор аз тарафи шахсони маъсул барқарор карда мешавад. Айни ҳол дар хоҷагӣ ба миқдори 132 га замини кишт барои хӯроки чорво мавҷуд буда, боқимондаи заминҳо тибқи шартнома ба саҳмдорон тақсим карда шудаанд.
Хоҷагии зотпарварии ҶСШК «Чорводори Нов» -и ноҳияи Спитамен аз чорводорӣ ба парандапарварӣ гузаронида шуда, айни ҳол саршумори паранда 203907 сарро ташкил медиҳад. Сабаби пешниҳод накардани ҳисоботи чорвои зотӣ аз ҷониби масъулини хоҷагӣ дар он мебошад, ки ҷамъияти мазкур аз соли 2011 аз фаъолият боз монда, чорвои зотии хоҷагӣ бошад барои пардохти қарзу андозҳо ба аҳолӣ фурухта шуда, иншоот ва заминҳои дар мувозинаи хоҷагӣ буда, ба фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар» гузаронида шудааст.
Дар хоҷагии зотпарварии «Резгиф»и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳолати 1 марти соли 2021 ҳамагӣ 85 сар чорвои зотӣ қутос мавҷуд буда, баъдан бо сабаби нест кардани саршумори чорво ба омори ноҳия ҳисоботҳоро пешниҳод накардаанд. Дар вақти таҳлил аз тарафи гурӯҳи корӣ 15 сар қутос аз қисоби шахсони масъул барқарор карда шуда, ба ҳисоботи хоҷагӣ ворид карда шуда, аз 1 июли соли 2023 ҳисоботи саршумори чорво ба ҳисоботи оморӣ ноҳия ва ба ҳисоботи шабакаи зотпарварӣ дохил карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур ба миқдори 669,5 га заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда аз он 553,9 га чарогоҳ ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон 2 адад ҳоҷагиҳои зотпарварии аз фаъолият бозмонда, хоҷагии зотпарварии «Хоҷа Муъмин»-и ноҳияи Восеъ ва хоҷагии ҷамоавии «Тебалай” -и ноҳияи Муминобод мавриди таҳлил ҳарор дода шудаанд. Зимни таҳлил дар хоҷагии зотпарварии «Хоҷа Муъмин»-и ноҳияи Восеъ 10 сар чорвои калони шохдори зоти шведӣ ба ҳисоботи муҳосибии хоҷагӣ ворид карда шуда, боқимондаи саршумор(95 сар) ва қисми воситаҳои асосии хоҷагӣ бо сабаби дар назди ҶДММ «Савуров» ба маблағи зиёда аз 900,000 сомонӣ қарздор будан тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2017 ба тавозуни ҷамъияти мазкур гузаронида шудааст.
Дар хоҷагии ҷамоавии «Тебалай”и ноҳияи Муъминобод оид ба парвариши гӯсфанди зоти маҳинпашми дарвозӣ тайи 10 соли охир барои роҳ додан ба қонуншиканӣ ва ба нобудӣ расонидани саршумори чорво аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба зидии коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуда, нисбати шахсони мутассадӣ парвандаҳо тартиб дода, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Тибқи ҳисоботҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар мувозинаи хоҷагӣ 6621 га заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда , аз он корам 997 га, боғ 65 га, чарогоҳ 4013 га ва дигар намуди заминҳо 1546 га ташкил дода ба саҳмдорон тақсим карда шудааст. Бинобар ин аз тарафи гурӯҳи корӣ пешниҳод шуд, ки заминҳои дар мувозинаи хоҷагӣ буда, бо мақсади дар оянда аз ҳисоби барномаҳои давлатии рушди чорводорӣ барқарор намуда ба ихтиёри хоҷагӣ баргардонида шаванд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бошад аз ҷониби гурӯҳи корӣ 5 адад ҳоҷагиҳои зотпарвари аз фаъолият бозмонданад, хоҷагиҳои “И. Меликмуродов”ноҳияи Шаҳринав, ҶСК зотпарварии “Парандапарвар”-и ноҳияи Шаҳринав, Кооперативи тиҷоратии ба номи “А. Кенҷаев”-и шаҳри Ваҳдат, Кооперативи “Аспарвар” -и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ “Занбӯрпарварони Варзоб” дида баромада шуд.
Хоҷагии “И. Меликмуродов”ноҳияи Шаҳринав, ки дар мувозинаташ то ба ҳолати 1 январи соли 2017, 16 сар асп ва 196 сар гусфанди зоти ҳисорӣ мавҷуд буд, пурра таҷдид гардидааст. Сабаби таҷдид гардидани хоҷагии мазкур дар он мебошад, ки молу амволи ҳоҷагӣ дар солҳои 2015 то 2018 аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори №8-5-19 аз 23 феврали соли 2015 ба ҳабс гирифта шуда, фурӯхта шудааст. Ҳамзамон аз тарафи мақомотҳо ва сохторҳои давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуда, нисбати шахсони маъсул тибқи қонунгузорӣ дар доираи ваколатҳои сохторҳо чораандешӣ карда шудааст.
Тибқи маълумотномаи Кумитаи идораи замини ноҳия ҳоло дар ихтиёри хоҷагии мазкур ба миқдори 14053,9 га замин мавҷуд аст. Вобаста ба масъалаи барқарор намудани саршумори чорвои хоҷагӣ бо назардошти дарёфти имкониятҳои мавҷудбуда ва барномаҳои давлатии рушди чорводорӣ чораҷӯйӣ карда шуда истодааст.
ҶСК зотпарварии “ Парандапарвар”и ноҳияи Шаҳринав аз тарафи гурӯҳи кори мавриди таҳлил қарор дода шуда, маълум гардид ,ки дар иншоотҳои истеҳсолии корхона 14 нафар соҳибкорони инфродӣ фаъолияти корӣ бурда, ҳисоботи саршумори паранда ва маҳсулоти он танҳо ба ҳисоботи омории ноҳия пешниҳод гардида, дар ҳисоботҳои шабакаи зотпарварӣ бошад дохил карда нашудааст. Ҷамъияти мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527 дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ қабул карда шуда, айни ҳол дар он 313402 сар паранда парваришу нигоҳубин карда шуда, аз 1 июли соли 2023 ҳисоботҳои саршумори паранда ва маҳсулоти он ба ҳисоботи шабакаи зотпарварӣ шомил карда мешавад.
Кооперативи тиҷоратии ба номи “А. Кенҷаев”-и шаҳри Ваҳдат мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 ба шабакаи зотпарварӣ шомил карда шуда, то соли 2020 фаъолият намудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар хоҷагии мазкур ба миқдори 385 сар чорвои зоти сиёҳало мавҷуд буда, аз 1 январи соли 2021 аз фаъолият бозмондааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар давоми солҳои 2019-2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид хориҷ намудани хоҷагӣ аз шабакаи зотпарварӣ мактуб ирсол намудааст
Дар мувозинаи кооперативи мазкур то ҳоло ба миқдори 4911,2 га заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аз он 155,6 га заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.
Фаъолияти хоҷагии мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ва Иттифоқи агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шуда, муайян карда шудааст, ки хоҷагӣ тайи 3 соли охири фаъолияти худ ба маблағи 1 миллону 269 ҳазор сомонӣ зарар дида, муфлис гардидааст.
Тибқи хулосаи гурӯҳи корӣ ва қонунгузории сохторҳои дахлори соҳавӣ хоҷагии мазкур айни ҳол барои барқарор намудани саршумор имконият надошта, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии давлатии шаҳри Ваҳдат барои нигоҳдории генафонди миллии чорвои зотӣ, барои шомил намудани хоҷагии деҳконии “Меҳнат Роҳат” ба шабакаи зотпарварӣ дархост пешниҳод карда шудааст.
Кооперативи “Асппарвар” -и ноҳияи Рӯдакӣ охирон маротиба ба ҳолати 1 январи соли 2014 ҳисоботи саршумори аспро ба миқдори 14 сар пешниҳод намуда, бо ҳамин аз аввали соли 2014 то ба ҳолати 1 июни соли 2023 ягон маротиба ягон ҳисобот пешниҳод накардааст. Дар мувозинаи кооперативи мазкур ба миқдори 3220,0 га заминҳои кишоварзӣ, аз он 11 га корам, 16 га токзор, 2750,0 чарогоҳ ва боқимондаи заминҳо 443 га зери роҳ ва буттазорҳо мавҷуд мебошад. Фаъолияти субъекти мазкур аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015 ва 2019 санҷида шуда, маълум карда шудааст, ки саршумори аспҳо аз тарафи роҳбари кооператив бе ягон асос фурӯхта шуда, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Қайд кардан лозим аст .ки дар базаи кооперативи мазкур иловатан ҶСК “Асппарвар” таъсис дода шуда, ба миқдори 34 сар асп ба ҳисоботи омории ноҳия пешниҳод намудааст.
Бинобар ин аз тарафи гурӯҳи корӣ ба шахсони маъсул дастур дода шуд, ки аз 1 июли соли 2023 оиди саршумор ба шабакаи зотпарварӣ ҳисобот пешниҳод карда шавад.
ҶДММ “Занбурпарварони Варзоб” аз соли 2009 дар омори ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуда, миқдори оилаҳои занбӯр 26 оиларо ташкил медиҳад, айни ҳол бо пуррагӣ нест карда шудааст. Бо дастгири гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, барои дастрас намудани 20 оилаи занбӯри асал аз ҳисоби КВД “Асали тоҷик” масъалагузорӣ карда шуда, аз 1 августи соли 2023 ба ҳисоботи омории ноҳия ва шабакаи зотпарварӣ ворид карда мешавад.
Хоҷагии деҳқонии зотпарварии “А.Саломов”-и ноҳияи Рашт то ҳол фаъолият дошта, ҳисоботи саршумори чорвои зотиро ба миқдори 16 сар пешниҳод менамояд. Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки барои таъмин намудани базаи хӯроки чорво аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои ҷудо намудани қитъаи замини хӯроки чорво чораҷӯй карда истодааст.
Тибқи маълумотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз 23 июни соли 2023, №1/429, шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба хоҷагиҳои аз фаъолият бозмондаи вилоят, хоҷагиҳои “Сағирдашт”и ноҳияи Дарвоз ва “Ванқала”и ноҳияи Шуғнон чунин маълумотро пешниҳод намудааст.
Хоҷагии зотпарварии “Сағирдашт” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №245 ба шабакаи зотпарварӣ ворид карда шудааст. Мутобиқи маълумоти омории ноҳияи Дарвоз дар кооперативи мазкур ба ҳолати 1 июни соли 2018 1652 сар гӯсфанди зоти маҳинпашми дарвозӣ мавҷуд буда, то охири ҳамон сол саршумор пурра нест карда шудааст. Аз тарафи мақомотҳои санҷишӣ дар хоҷагии мазкур санҷиш гузаронида шуда, маблағи зарари расонида шуда, аз тарафи собиқ роҳбари хоҷагӣ бо пуррагӣ барқарор карда шудааст.
Тибқи маълумотҳои аз ҷониби Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шуғнон пешниҳод гардида, дар хоҷагии деҳқонии “Ванқала”-и ноҳияи Шуғнон дар оғози фаъолият(соли 2014) дар ҳисоботи муҳосибӣ 120 сар чорвои калони шохдор ва 675 сар чорвои майдаи шохдор мавҷуд будааст, айни ҳол дар ҳисоботи оморӣ ва андози ноҳияи Шуғнон фаъолияту ҳисоботи хоҷагии мазкур дарҷ нагардидааст.
Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки дар як қатор фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ оид ба риояи талаботҳои пешбурди кори зотпарварӣ камбудиҳо ошкор гардида нисбати шахсони масъул тибқи моддаи 264-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуд.
Умуман дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати зотпарварӣ якҷо бо мутахассисони МТБО дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оиди риояи талаботҳои зотпарварӣ дар 10 адад хоҷагиҳои зотпарварии фаъолияткунанда камбудиҳо ошкор гардида ба маблағи 13600 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда ба хазинаи давлат супорида шуд.
Аз тарафи мо ба мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.
1.Самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ ва қитъаи заминҳои вобастабуда, кишти ғалладонагӣ ва алафҳои серғизо барои омода намудани ҷамъоварии захираи хӯроки чорво.
2.Сари вақт гузаронидани чорабиниҳои зоотехникӣ ва байторӣ (бонитировка-баҳодиҳӣ, апробатсияи чорвои наринаи наслдеҳ, сари вақт гузаронидани ваксинаҳо бар зиди бемориҳои сироятӣ).
3.Хоҷагиро зарур аст ба хароҷоти зиёдати накардан аз ҳисоби фӯруши чорвои зотӣ этибори махсус диҳанд.
4.Ба додани ҳуҷатҳои қалбакии шакли 100 ( аз ночори кушта шудани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ) роҳ надиҳанд.
5.Корҳои хушзоткунӣ ва бозтавлидии чорвои калон ва майдаи шохдор дар хоҷагӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад.
6.Ҳамкории зич бо олимони институти чорводории АИКТ дар самти парвариш ва рушди минбадаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ.
7.Бояд хоҷагидорон донанд, ки дар оянда дар ҳолати гузаронидани корҳои назорати дар доираи ваколатҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мушоҳидаи камбудиҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи зотпарварӣ ” чораҳои маъмури дида мешавад.
Кумита
Хабарҳо ва эълонҳо
- НАМОИШ ФУРУШӢ МАҲСУЛОТҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 14.08.2023
- Корҳои назоратӣ дар самти фитосанитарӣ 24.07.2023
- Нашри матбуотӣ 20.07.2023
- КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 19.07.2023