Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Барномаҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Иҷрои Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои сармоягузории (грантии) ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузори манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

3. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои барномаи мазкур, ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 10 феврал оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2018 № 520 ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2018,
№ 520 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2023

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 (минбаъд – Барнома) барномаи соҳавӣ ба шумор рафта, дар асоси моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва банди 45 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-984 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидааст.

2. Бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ як ҷузъи муҳими амнияти миллӣ ва иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, таъмини бехатарии озуқаворӣ бошад, аз раванди умумии рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Бехатарии озуқаворӣ ҳамчун қобилияти кафолат додани давлат дар қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ба озуқаворӣ дар сатҳе, ки фаъолияти муътадили ҳаётгузаронии аҳолӣ таъмин мегардад, дониста мешавад.

3. Масъалаҳои бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ бо сиёсати давлат, ки ба рушди устувор нигаронида шудааст алоқаи зич дошта, гузариш ба рушди устувор бошад, дар маҷмӯъ баррасии масъалаҳои рушди иқтисодиро дар доираи арзишҳои инсонӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар бар мегирад.

4. Ҳадафҳои асосии таҳияи Барнома аз инҳо иборатанд:

- дасткашӣ аз воситаҳои маъмулии идоракунии масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат;

- тавсеаи тамоюлҳои мақсадноки таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ки ба баланд бардоштани сифати озуқаворӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд;

- ҳамоҳангсозии масъалаҳои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ бо истифода аз консепсияи амнияти озуқаворӣ, ки дар амалияи ҷаҳонӣ дар асоси чор унсур: мавҷуд будани озуқа, дастрасӣ ба он, истифодабарӣ ва устуворӣ роҳандозӣ мешавад.

5. Бо дар назар доштани манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, сатҳи вобастагии ҳолати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ аз бозорҳои беруна Барнома чор тамоюли асосиро дар бар мегирад:

- вазъи таъмини маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат;

- дастрасии воқеӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ;

- таъмини рушди истеҳсолот, сифат, гуногунӣ ва ғизонокии маҳсулоти озуқаворӣ;

- таъмини санҷиш ва назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ.

6. Вазъи таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ ин таносуби миқдор ва сифати озуқавории бехатар ва кофӣ дар ҳар марҳилаи замон мебошад. Яъне, дар ҳар марҳилаи вақт бояд миқдори кофии озуқаворӣ дар миқёси мамлакат мавҷуд бошад.

 

7. Таҳлил ва масъалаҳои вазъи таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат дар ҳамбастагӣ бо омилҳои зерин: истеҳсолоти худӣ, захираи озуқаворӣ, воридоту содирот ва кумаки озуқаворӣ инъикос мегардад.

8. Ҳамзамон, дар ин фасл масъалаҳои истеҳсолоти дохилӣ дар алоқамандии онҳо бо вазъи захираҳои табиӣ (замин, обтаъминкунӣ ва ғайра) инъикос мегардад.

9. Сиёсати савдои беруна дар самти содирот ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ба рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, афзоиши содироти маҳсулоти озуқавории ватанӣ (меваи тару тоза, меваи хушк, сабзавот, полизӣ, пахта ва маҳсулоти аз пахта тайёршуда) ва бардавомии интиқоли маҳсулоти зарурӣ, аз қабили орд ва гандум равона гардидааст.

10. Мафҳуми дастрасии воқеӣ ба озуқа онро ифода мекунад, ки ҳамаи хонаводаҳо барои гирифтани озуқаи зарурӣ ва таъмини ғизои мукаммал воситаҳои кофиро доро мебошанд. Дастрасӣ аз сатҳи захираҳои хонаводаҳо (мавҷуд будани маблағ, кор ва дониш), инчунин аз нархҳои озуқа вобаста мебошад.

11. Дар барномаи мазкур таҳлилҳо, пешомадҳо ва самтҳои беҳтарнамоии дастрасӣ ба озуқаворӣ дар алоқамандӣ бо сиёсати давлатии макроиқтисодӣ, танзими зиддиинҳисорӣ ва сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, омилҳои дигари дастрасӣ ба маводи озуқа вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба инобат гирифта шудаанд.

12. Дар Барнома масъалаҳои таъмини рушди истеҳсолот, сифат, гуногунӣ ва ғизонокии маҳсулоти озуқаворӣ дарҷ гардидааст, зеро муҳиммияти онҳо рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Шарҳи таҳлилӣ ва афзалиятҳо дар ин самт ба рушди истеҳсолот, беҳтар кардани сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ равона гардидааст.

13. Барнома масъалаҳои таъмини санҷиш ва назорати бехатарии маҳсулоти хӯроквориро аз истеҳсол то истеъмоли онҳо дар бар мегирад. Вазъи назорати давлатии бехатарии маводи воридшавандаи хӯрокворӣ дар алоҳидагӣ таҳлил карда мешавад. Инчунин ба таҳлили таъмини иттилоот ва дастрасӣ ба он аҳамияти махсус дода шуда, ҳолати озмоишгоҳҳо ва низоми сертификатсия баррасӣ шудааст.

2. ВАЗЪИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ, САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК ВА

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

§1. Вазъи воқеии таъмини маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат

14. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» амнияти озуқаворӣ бо роҳи ташкили истеҳсолоти самарабахши кишоварзӣ, истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ, таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ таъмин карда мешавад.

15. Ҳаҷми истеҳсолоти ватании маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳолати иқлим, захираҳои асосии табиӣ, сатҳ, самаранокӣ ва ташкили раванди истеҳсолот вобастагӣ дорад.

16. Дар маҷмӯъ шароити табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳама минтақаҳо барои истеҳсоли мунтазами маҳсулот як қатор хатарҳоро дар бар гирифта, ҳолатҳои хушксолӣ, боришоти пай дар пай, сардиҳои барвақтӣ ва дигар офатҳои табиӣ фаъолияти мунтазами соҳаи кишоварзиро халалдор менамоянд.

17. Дар асоси пешгӯиҳои тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мунтазам баланд гардидани ҳарорати ҳаво (то соли 2050) ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо ба назар расида, ҷараёни мутақобилан пастравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо ба вуҷуд меояд.

 

18. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии об буда, ҷоришавии табиии миёнаи оби дарёҳо 47,2 км3, аз ҷумла дар давраи нашъунамо 35 км3 (74 %)-ро ташкил менамояд. Нобаробарии тақсимоти мавсимӣ ва ҳудудӣ, тағйирпазир будани хусусияти дарёҳо ба истифодаи самараноки  захираҳои об монеаҳои табииро ба вуҷуд меоранд.

19. Дар ин замина рушд ва нигоҳдории системаи ирригатсионӣ бояд таъмин карда шавад. Дар шароити имрӯза системаи ирригатсионии мамлакат имконият надорад, ки дар ҳаҷми зарурӣ заминҳоро бо оби обёрӣ дар мавсими нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ таъмин намояд. Ин омил барои низоми истеҳсолоти маҳсулоти озуқаворӣ хатарҳои зиёд меорад, махсусан дар ҳолатҳои хушксолӣ таъсири ин омил назаррас мебошад.

20. Тибқи ҳисоботи фонди заминҳо, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешавад, масоҳати умумии заминҳои обёришаванда ба ҳолати 1 январи соли 2018 758842 гектарро ташкил менамояд. Маблағгузориҳои давлатии ҳамасола барои барқарорсозии заминҳо кофӣ набуда, ҳолатҳои бо сабабҳои гуногун истифода набурдани заминҳои киштшаванда ба назар мерасанд. Майдони заминҳое, ки ба бодлесшавии обӣ ва бодӣ гирифтор шудаанд,

35 ҳазор гектар ё 5,3 фоизро аз масоҳати умумии заминҳои киштшаванда ташкил менамояд. Майдони умумии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,8 миллион гектарро ташкил дода, ҳар сол дар сатҳҳои гуногун 4 фоизи онҳо ба бодлесшавӣ гирифтор мешаванд.

21. Новобаста аз чораҳои амалигардида самаранок, оқилона ва пурра истифода набурдани заминҳои киштшаванда то ҳанӯз идома дошта, ин боиси кам шудани масоҳати умумии заминҳои киштшаванда мегардад. Дар давраи солҳои 2010-2017 масоҳати заминҳои киштшаванда 14312 гектар кам гардидааст. Масоҳати замини обёришаванда ба як нафар (аҳолии доимӣ) аз 0,10 гектар дар соли 2010 ба 0,09 гектар дар соли 2018 расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори мамлакатҳое дохил мешавад, ки нишондиҳандаи таъмини замини корами обёришаванда барои як нафар аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дорад.

22. Ҳаҷм ва устувории рушди истеҳсолоти маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ яке аз омилҳои таъмини бехатарии озуқавории кишвар ба ҳисоб рафта, самаранокӣ ва устувории рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин истифодаи самараноки заминҳои корами мамлакат дар он нақши муҳим мебозад.

23. Шумораи умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1

апрели соли 2018 мувофиқи маълумоти оморӣ 8973,6 ҳазор нафарро ташкил дода, вобаста ба афзоиши мунтазами аҳолии ҷумҳурӣ ва сатҳи баланди таваллуд талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ сол аз сол зиёд мегардад.

24. Тибқи ҷадвали маҷмӯии ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 тасдиқ шудааст, меъёрҳои сабади истеъмолии аҳолӣ ба ҳар як одам дар як сол маҳсулоти нонӣ 145,2 кг, картошка 64,8, сабзавот ва полезиҳо 73,2, меваҷот 28,8, қанд 14,4, маҳсулоти гуштӣ 25,2, моҳӣ 5,8, шир ва маҳсулоти ширӣ 36,9, тухм 194,4 дона, равған 16 ва дигар маҳсулот (намак, чой, таъмдиҳандаҳо) 0,36 кг тавсия шудааст.

Истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳар як нафар аҳолӣ

ҷадвали 1

(ба ҳар як нафар аҳолӣ, кг дар як сол)

Номгӯи маҳсулот

Меъёри

истеъмоли ҳадди ақал

Миқдори

истеъмол дар соли 2017

Фарқият (+/-)

1.

Маҳсулоти   ғалладона   (ба ҳисоби орд)

145,2

161,4

+ 16,2

2.

Картошка

64,8

42,5

- 22,3

3.

Сабзавоту ва полезиҳо

73,2

88,9

+ 15,7

4.

Меваҷот

28,8

33,2

+ 4,4

5.

Қанду шакар

14,4

16,0

+1,6

6.

Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ

25,2

14,4

- 10,8

7.

Шир ва маҳсулоти ширӣ

36,9

58,0

+21,1

8.

Тухм (дона)

194,4

76,0

- 118,4

9.

Равғани растанӣ

16

18,2

+ 2,2

10.

Моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ

0,36

0,5

+ 0,14

11.

Намак

1,78

6,57

+ 4,79

1. Аз рӯи маълумоти оморӣ меъёрҳои мазкур дар ҷумҳурӣ риоя нагардидаанд, ки ин пеш аз ҳама ба сатҳи таъминоти маҳсулоти мазкур, хусусияти миллии аҳолии мамлакат ва қобилияти харидории он вобастагӣ дорад.

2. Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1447680 тонна ғалладонагиҳо (гандум 900216 тонна), пахта - 386508 тонна, картошка 782 892 тонна, сабзавот 1859073 тонна, полизӣ 631 239 тонна, меваҷот 404034 тонна ва ангур 228303 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016 ғалладонагиҳо 0,8 фоиз, пахта 35,8 фоиз, сабзавот 6,3 фоиз, полизӣ 6,2 фоиз, меваҷот 11 фоиз ва ангур 6,3 фоиз зиёд гардида, картошка 12,8 фоиз кам шудааст.

3. Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 2315,3 ҳазор сарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2017 38,4 ҳазор сар ё 1,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 5576,4 ҳазор сарро ташкил дода, 152,1 ҳазор сар ё 2,8 фоиз афзудааст. Бояд қайд кард, ки 93 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,9 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

4. Нишондиҳандаҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар ҷумҳурӣ чунин аст:

 

Номгӯи маҳсулот

Ҳаҷми истеҳсол дар соли 2016

Ҳаҷми истеҳсол дар соли 2017

Афзоиш

миқдор

фоиз

1.

Истеҳсоли гӯшт, ҳазор тонна

116,7

124,4

+7,7

+6,6

2.

Шир, ҳазор тонна

918,0

950,0

+32

+3,5

3.

Тухм, млн дона

337,2

341,4

+ 4,2

+ 1

5. Нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар мамлакат барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ нокифоя буда, қисман истеъмоли намудҳои асосии маҳсулот аз ҷониби аҳолии мамлакат асосан аз ҳисоби воридот қонеъ гардонида мешавад.

6. Дар соли 2017 воридоти маҳсулоти озуқаворӣ нисбат ба соли 2016 дар маҷмӯъ 1,3 фоиз зиёд шуда, воридоти орд 38,5, меваҷот ва бехмеваҳо 20,3, шир ва маҳсулоти ширӣ 15,8 ва гандум 1,5 фоиз кам гардидааст.

Воридоти маҳсулоти асосии озуқаворӣ дар солҳои 2016-2017 ҷадвали 3 (ҳазор тонна)

Номгӯи маҳсулоти озуқаворӣ

Воридот

Ҳаҷми воридоти соли 2017 ба ҳисоби фоиз

нисбат ба соли 2016

Соли 2017

Соли 2016

Молҳои озуқаворӣ,

1585,9

1565,4

101,3

аз он ҷумла:

1.

гандум

1014,5

1034,1

98,1

2.

орд

54,6

88,8

61,5

3.

қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ

125,0

104,1

120,1

4.

равғани растанӣ

97,1

86,5

112,3

5.

шир ва маҳсулоти ширӣ

8,6

10,2

84,3

6.

тухм

10,8

3,7

2,9 баробар зиёд

7.

гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ

53,4

39,8

134,0

8.

картошка

17,2

5,5

3,1 баробар зиёд

9.

сабзавот

5,1

2,3

2,2 баробар зиёд

10.

меваҷот

19,2

24,1

79,7

7. Вобастагии таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ аз воридоти баъзе намуди маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ танзими нархи бозори истеъмолиро душвор гардонида, ба дастрасии аҳолӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

8. Марҳилаи муосири ташаккули захираҳои ҷаҳонишавии маҳсулоти хӯрокворӣ бо буҳрони системавии бозори ҷаҳонӣ таснифот карда мешавад. Дар бозори ҷаҳонӣ нархи маводи хӯрокворӣ солҳои охир хеле ноустувор гардида, аз рӯи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) танҳо дар давраи солҳои 2005 2010 нархҳои маводи ғизоӣ 2 маротиба, барои намудҳои дигари алоҳидаи маҳсулот (биринҷ, қанд, шири хушк, зироатҳои равғандеҳ, равғани растанӣ) 2,5 3 маротиба баланд гардидаанд.

9. Тибқи пешгӯиҳо аз маълумоти охирини созмонҳои марбутаи байналмилалӣ маълум мегардад, ки нархҳо барои маводи хӯрокворӣ то соли 2020 ба ҳисоби миёна ҳар сол 3 4 фоиз боло мераванд.

10. Аз рӯи баҳогузории таҳлилии ташкилотҳои байналмилалии дар боло зикргардида нархи воқеии ғалладонагиҳо дар муқоиса бо нархи миёнаи солҳои 19972006 ба 15 40 фоиз афзоиш меёбад. Равғани растанӣ, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ 40 фоиз қимат мешаванд.

11. Дар асоси пешгӯиҳои иқтисоди ҷаҳонӣ болоравии нарх барои гандум ба ҳисоби миёнаи ҳар сол 4 фоизро ташкил намуда, то соли 2030 ба 500 доллари ИМА барои як тонна баробар мешавад. Дар солҳои алоҳида бо дар назар доштани шароити иқлимии обу ҳаво нархи гандум тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия то соли 2030 метавонад тағйирпазир гардад.

12. Бозори ғалла, орд ва маҳсулоти нонӣ дар Тоҷикистон нисбати устувории нархҳо хело ҳассос буда, он бештар аз воридоти маҳсулот вобастагӣ дорад. Суръати болоравии нарх ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ, махсусан барои гандум ва орд, дастрасии аҳолиро ба ин намуди маҳсулот мушкил мегардонад.

13. Шарикони асосии савдо (Россия, Қазоқистон) дар марҳилаи болоравии нархҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади қонеъ кардани эҳтиёҷоти бозори худӣ, баъзан  нисбати воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ мораторияҳоро истифода менамоянд, ки метавонад ба болоравии нарх дар бозори маҳсулоти орд оварда расонад.

§2. Ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки Барнома

14. Вазъи имрӯзаи таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат ва пешомадҳои он ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки татбиқи Барномаро муайян намудаанд.

15. Самтҳои афзалиятноки Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ:

дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ;

- рушди соҳаи коркарди маҳсулоти озуқаворӣ;

- идоракунӣ ва батанзимдарории давлатии содирот ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳимояи бозори дохилии маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил намудани сатҳи зарурии захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ, азнавтаҷҳизонидан ва ташкили иқтидорҳо барои коркард ва нигоҳдории захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ;

- таъмини санҷиш ва назорати бехатарии сифати озуқаворӣ.

Дастгирии давлатии истеҳсолоти кишоварзӣ ба самтҳои зерин равона карда мешаванд:

- системаи ирригатсионӣ, аз он ҷумла шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ;

- ҳифзи растанӣ ва чорво;

- тухмипарварӣ ва зотпарварӣ;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда;

- устувории молиявии раванди истеҳсолӣ.

16. Аз рӯи самтҳои зикргардида чунин вазифаҳо гузошта мешаванд:

- дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва рушди иқтидори институтсионалии онҳо:

- дастгирии мақсадноки истеҳсолкунандагони маҳсулот;

- дастгирии ташкилотҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки хизматрасониҳоро амалӣ менамоянд;

- омӯзонидани истеҳсолкунандагони маҳсулот, таъмини дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ба кишоварзон.

17. Барои рушди соҳаи растанипарварӣ шароити мусоиди иқлим, мавҷуд будани захираҳои табиӣ, малакаи заминдорӣ ва заминистифодабарӣ, талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти озуқаворӣ, дастгирии устувори давлатӣ ва сармоягузорӣ нақши муҳим дорад.

18. Таҳлили ҳолати воқеии соҳаи мазкур чунин мушкилоти ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таъсиррасонро муайян кард:

- истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии мунтазам ва дарозмуддати шароитҳои иқлимӣ тобовар нест;

- барои истифодабарии оқилонаи захираҳои об ва нигоҳдории системаи ирригатсионӣ маблағгузориҳо ва ҷалби сармояи беруна нокифоя мебошанд;

- камшавии майдони заминҳои корам, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки онҳо идома доранд;

- маблағгузории нокифоя барои барқарор намудани заминҳои корам.

19. Солҳои охир дар соҳаи растанипарварӣ, аз ҷумла дар истеҳсоли картошка ноустуворӣ ба назар расида, истеҳсоли дигар намудҳои сабзавот, мева ва буттамеваҳо, зироатҳои равғандеҳ ва полизӣ нисбатан устувор мебошанд.

20. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли меваҷот ҳамчун маҳсулоти озуқавории воридотивазкунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

30 декабри соли 2015, №793 Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул ва амалӣ гардида истодааст.

21. Нишондиҳандаҳои миёнаи ҳосилнокии зироатҳои асосии соҳаи растанипарварӣ дар солҳои 2016-2017 гандум – 28,4 с/га, зироатҳои равғандеҳ – 19,9 с/га, картошка – 202,9 с/га, сабзавот – 252,3 с/га, зироатҳои полезӣ – 250,4 с/га, мева ва буттамевагиҳо – 40,5 с/га, ангур -68,2 с/га-ро ташкил медиҳад.

Ҳосилнокии паст дар истеҳсоли гандум 28,4 с/га ба назар мерасад, ҳол он ки ҳосилнокии ниҳоии гандум дар ҷаҳон то 98 с/га-ро ташкил медиҳад.

22. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои стратегии озуқаворӣ аз тарафи сохторҳои кишоварзии мамлакат дурӯст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани заминҳо бо оби полезӣ, интихоби дурусти тухмӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба нақша гирифта мешаванд. Дар ҳолати амалӣ гардидани чорабиниҳои мазкур зиёд гардидани ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои афзалиятноки кишоварзӣ, хусусан гандум, картошка ва зироатҳои техникӣ дар назар аст.

23. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таъмини тухмии хушсифат нақши калидӣ дошта, дар ин самт чораҷӯиҳо дар доираи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №438 қабул шудааст, амалӣ гардида истодаанд.

24. Барои таъмини рушди растанипарварӣ ҳифзи заминҳои кишти зироатҳо ва боғу токзорҳо аз ҳашароту касалиҳои сироятии растанӣ нақши ҳалкунанда мебозад.

25. Дар самти мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳои махсусан хавфноки зарраррасон (малахҳо, оташаки тут, муши саҳроӣ, кашафканаи гандум, фитофиторози картошка, занги зарди гандум, сиёҳтоби гандум) чорабиниҳои доимии   ҳимояи растанӣ ва таъмини маблағгузории онҳо зарур аст.

26. Дар ҳолати паҳншавии эҳтимолии организмҳои зараррасон, барои таъмини саривақтӣ бо моддаи кимиёӣ ва ташкили чорабиниҳои зарурӣ таъсиси захираи эҳтиётии моддаҳои кимиёӣ барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон ба нақша гирифта мешавад, ки он барои ҳифзи саривақтии зироатҳои кишоварзӣ аз организмҳои зараррасони хавфнок мусоидат менамояд.

27. Бунёди қитъаҳои карантинӣ барои санҷиш ва муайян намудани мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ дар ниҳолу тухмии аз хориҷи кишвар воридгардида низ тақозои замон мебошад.

28. Барои сари вақт нест кардани алафҳои бегона, ошкоркунии ҳашароту касалиҳои карантинӣ, инчунин назорати доимии киштзорҳо, дарахтзорҳо, боғу токзор, ҷангалзорҳо, боғу гулгаштҳо, мавзеи атрофи анборҳо ва корхонаҳое, ки дар онҳо маҳсулоти озуқаворӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ нигоҳ дошта ё коркард карда мешаванд, гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, кормандони корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон зарур аст. Чорабинии мазкур барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳо нақши муҳимро мебозад.

29. Саноати коркард аз корхонаҳои коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшт, сабзавот, мева, буттамева ва соҳаи ордбарорӣ, ки ба маводи хоми ватанию содиротӣ нигаронида шудаанд, иборат аст. Дар шароити имрӯза дар ҷумҳурӣ камтар аз се як ҳиссаи шири истеҳсолшуда, то 15 фоиз аз ҳаҷми умумии истеҳсоли мева, сабзавот, буттамевагиҳо ва камтар аз 5 фоизи истеҳсоли гӯшт коркард мешавад. 

30. Сатҳи пасти коркарди маҳсулоти растанипарварӣ яке аз сабабҳои асосии талаф гардидани ҳосили бадастомада мебошад. Дар маҷмӯъ ҳаҷми нокифояи коркарди маҳсулот ҳавасмандиҳои иқтисодиро барои рушди истеҳсолоти кишоварзӣ коҳиш медиҳад.

31. Мушкилоти асосӣ дар самти ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ:

- сатҳи пасти иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки ба ҳаҷми начандон калони истеҳсолот вобастагӣ дорад, ноустувории даромаднокии онҳо, дастрасии маҳдуди истеҳсолкунандагон ба мол ва хизматрасониҳо, захираҳои қарзӣ, техникаи кишоварзӣ, хизматрасониҳо оид ба ҳифзи растанӣ ва чорво, тухмиҳои хушсифати киштшаванда, чорвои хушзот, норасогии хӯроки серғизои чорво ва ғайра;

- мушкилот ҳангоми фурӯши маҳсулот, ки бо низоми ғайрисамараноки сертификатсияи маҳсулот алоқаманд мебошад, дастгирии нокифояи маркетингӣ ва ғайра;

- набудани ҳамкории зарурӣ байни истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои коркарди маҳсулот.

32. Дар ин раванд ташкили сатҳи лозимаи захираҳои маҳсулоти озуқаворӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва ташаккули иқтидорҳо барои коркард ва нигоҳдории захираҳои маҳсулоти хӯрокворӣ лозим аст.

33. Ин самти афзалиятнок дастгирии ташкили шароити нигоҳдории маҳсулот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), корхонаҳои коркард ва маҷмааи савдою логистикаро тақозо менамояд. Иҷрои ин вазифаҳо чорабиниҳоро оид ба ташаккули сандуқи сармоягузорӣ, ки ба сохтмон ва таҷдиди анборҳои нигоҳдории маҳсулот равона гардидаанд, дар бар мегиранд.

34. Дар ин самт як қатор чорабиниҳо дар доираи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2015, №727 тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида бошанд ҳам, вале онҳо пурра эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзиро дар самти захираи лозимаи маҳсулоти озуқаворӣ қонеъ гардонида наметавонанд.

35. Механизми дастгирии кумаки ҷуброни фоизи муайяни хароҷот мустаҳкам намудани иқтидори захираҳои моддии давлатиро аз рӯи нигоҳдорӣ ва мониторинги захираҳои стратегии озуқаворӣ пешбинӣ менамояд.

36. Ин раванд такмили иқтидори истеҳсолии корхонаҳои воҳиди давлатии ҷумҳуриявии системаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммалгардонии усули идоракунии захираҳои озуқаворӣ, системаи мониторинг ва омӯзиши мутахассисони системаи захираҳои моддии давлатиро пешбинӣ мекунад.

37. Идоракунии воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии озуқаворӣ;

- таъмини рушди истеҳсоли маҳсулоти озуқавории содиротӣ ва воридотивазкунанда бо роҳи ҳавасмандкунии истеҳсолкунанда ва содироткунанда;

- баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии истеҳсолкунандаи ватании маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии дохила ва беруна.

38. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ дар бозори истеъмолии мамлакат, таъсиси озмоишгоҳҳои сайёри

 

бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ, бунёд ва азнавсозии инфрасохтори нуқтаҳои назорати бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад, таъсиси махзани маълумоти электронӣ оид ба воридоту содироти маҳсулоти озуқаворӣ ва баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони соҳаи бехатарии озуқаворӣ ба нақша гирифта мешаванд. Амалигардонии чорабиниҳои мазкур ба пурзӯр намудани назорат оид ба пешгирии саривақтии воридот ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат равона мегардад.

39. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои бехатарии хӯрокворӣ (заҳрхимикатҳои истифодашаванда, хӯрок ва иловагиҳои хӯрокворӣ, чорвои зинда, ашёи хоми хӯрокворӣ, иловагиҳои хӯрокворӣ, маводе, ки бо маводи хӯрокворӣ пайвастагӣ доранд, маводи хӯроквории тайёр, инчунин равандҳои технологӣ, ҷамъоварӣ, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ) бояд ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои санитарию байторӣ ва фитосанитарию карантинӣ мутобиқ бошанд.

40. Тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ барои маҳсулоти озуқаворӣ корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 регламенти техникӣ мавҷуд аст.

41. Дар бисёр мавридҳо муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусияти маҳдуд ва ё соҳавӣ доранд ва ҷузъиёти ҷудогонаро дар худ таҷассум менамоянд. Ба ин намуд дар регламентҳои қабулгардидаи техникӣ талабот оид ба таъмини назорат ва мушоҳидаҳо муқаррар карда нашудааст, ки хатари таъмини бехатарии маҳсулоти озуқавориро зиёд мекунад. Сатҳи баланди хатар дар марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ҳангоми истифодаи заҳрхимикат, маводи дорувории ҳайвонот, хӯрокаҳо ва иловаҳои хӯрокаи ҳайвонот мушоҳида карда мешаванд.

42. Истифодаи заҳрхимикатҳо назорат аз болои боқимондаи заҳрхимикатҳо дар организми ҳайвоноти зинда, ашёи хоми хӯрокворӣ, хӯроки чорво ва маҳсулоти тайёри озуқаворӣ буда, ҷузъи таркибии низоми таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ба шумор меравад.

43. Танзими давлатии истеҳсол, вориднамоӣ, гардиш ва истифодаи заҳрхимикатҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба химикунонӣ ва ҳимояи растаниҳо», инчунин муқаррароти Конвенсияи Стокголм оид ба маҳдудкунии истифодаи 12 намуд маводи кимиёвӣ, ки ба устувории ифлоскунандагон оварда мерасонанд.

44. Субъектҳои хоҷагидоре, ки бо истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла зироатҳои хӯроки чорво машғуланд, бояд он заҳрхимикатҳоеро истифода баранд, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдор оид ба кимиёгардонӣ ва ҳифзи растаниҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, ҳамчунин ба феҳристи давлатии заҳрхимикатҳо ва агрохимикатҳои барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додашуда дохил шуда бошанд.

45. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое вомехӯранд, ки таркибҳои кимиёвии номаълум ба сифати заҳрхимикатҳо ба қайд гирифта мешаванд, ки ба қоида ва меъёрҳои байналмилалӣ ва гардиши заҳрхимикатҳо («Талабот ба заҳрхимикатҳо ва агрохимикатҳо»-и боби II Талаботи ягонаи санитарӣ-эпидемиологӣ ва гигиенӣ ба молҳои ба назорати санитарию эпидемиологӣ ниёздошта, ки бо қарори Комиссияи Иттиҳоди гумрукӣ аз 28 майи соли 2010, №299 тасдиқ шудаанд) мутобиқат намекунанд. Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ заҳрхимикатҳои воридотӣ он вақт метавонанд ба қайд гирифта ва ба истифода иҷозат дода шаванд, ки агар онҳо мувофиқаю бақайдгирии пешакиро дар мамлакатҳои истеҳсолшудаашон гузашта бошанд.

 46. Истифодаи маводи доруворӣ барои ҳайвонот ин назорати маводи доруворие, ки барои пешгирӣ ва табобати ҳайвонот истифода мешавад, ҳамчунин назорати боқимондаҳои онҳо дар маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи хӯрокворӣ буда, қисми ҷудонашавандаи низоми таъминоти бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ба шумор меравад.

47. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими давлатии истеҳсол, воридот ва истифодаи маводи доруворӣ барои ҳайвонот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ва регламенти техникӣ «Дар бораи бехатарии маводи дорувории байторӣ» муқаррар карда мешавад.

48. Дар мамлакат миқдори дорувории байтории барои истифода иҷозат додашуда нисбат ба Федератсияи Россия қариб як маротиба кам аст, ки ба воридоти ғайрирасмии аксарияти дорувории байторӣ мусоидат менамояд.

49. Дар доираи Барнома таҳияи номгӯи нави маводи байторӣ, боз ҳам содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳии истеҳсолкунандагон, хусусан истеҳсолкунандагони ватанӣ пешбинӣ мешавад. Мавриди истифода қарор додани номгӯи нав ва истифодаи дорувории байтории нави безарар ба рушди бозори истеъмолии маводи доруворӣ мусоидат намуда, воридоти дорувориҳои пастсифат ва ба таври коҷоқ воридшавандаро пешгирӣ менамояд.

50. Истифодаи хӯрока ва иловагиҳои хӯрокаи ҳайвонот дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти чорво ба таркиби хӯроки чорво ва иловагиҳои он аҳамияти махсус дода мешавад.

51. Баҳодиҳии байториву санитарии сифати хӯроки чорво ва иловагиҳо ба он, премиксҳо, витаминҳо ва биостимуляторҳои инкишоф аз ҷониби марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» ва муқаррароти Кодекси санитарии ҳайвоноти заминӣ гузаронида мешавад.

52. Дар рафти татбиқи Барнома барои ба роҳ мондани фаъолияти Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, низоми ХАСПП (Низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назоратии таҳдидомез), стандартҳои ИСО 22000 ва қоидаву меъёрҳои санитарии Кодекси Алиментариус чораҷӯиҳо дар самти дастрас намудани таҷҳизоти муосир ва омода намудани кадрҳои баландихтисос амалӣ карда мешаванд.

53. Таъмини сиҳатии чорво тибқи қоидаҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ бояд сиҳат ва аз ҳар гуна бемориҳо эмин бошад.

54. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои барномавӣ ва чорабиниҳои мушаххасро оид ба таъмини сиҳатии чорво, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои чорво, хифзи аҳолӣ аз бемориҳои чорво, ҳифзи ҳудуди Тоҷикистон аз воридшавии бемориҳои гузаранда, таъмини хизматрасонии байторӣ ва ҳолати мусоиди байтории ҳудуди мамлакат ба роҳ мемонад.

55. Новобаста ба ин, дар фаъолияти марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо мушкилоти зиёд мавҷуданд. Ҳамчунин барои гузаронидани чорабиниҳои байторӣ, аз он ҷумла эмгузаронӣ ва дигар чораҳои профилактикӣ маблағгузориҳо нокифоя мебошанд.

56. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №487 бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ таъсис дода

 шудааст. Ба фонди мазкур аз соли 2014 инҷониб аз тарафи буҷети давлат ҳамасола то 2,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки ин маблағ тахминан 13-14 фоизи эҳтиёҷоти умумии ҷумҳуриро барои харидории ваксинаҳои зарурӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, барои пешбурди корҳо дар ин самт маблағғузории иловагӣ аз буҷети давлатӣ ва ҷалби бештари грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мебошад. Давра ба давра зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ барои таъмини вазъи муътадили эпизоотӣ, кафолати солимии ҳайвонот ва пешгирии паҳншавии касалиҳои зоонозӣ мусоидат менамояд.

57. Маблағгузории амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №97 «Дар бораи нишонагузории ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ амалӣ карда нашуда, нишонагузории ҳайвоноти ба аҳолӣ тааллуқдошта умуман гузаронида намешавад. Ҳолати мазкур назорати гардиши чорво ва пешгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла маъракаи эмгузарониро душвор мегардонад.

58. Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №156

«Дар бораи Тартиби пардохти ҷуброни зарар ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшудаи барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок» низ ташвишовар боқӣ мондааст. Дар натиҷа аз сабаби маблағгузорӣ нашудан ва сари вақт мусодираву нобуд (забҳи санитарӣ) нагардидани чорвои бемор дар байни саршумори чорвои сиҳат чорвои мубталои беморӣ боқӣ монда, боиси зиёд шудани беморӣ дар байни ҳайвонот гардида, манбаи сирояти бемориҳои хавфнок дар байни аҳолӣ мешавад. Дар доираи Барнома ҷудо намудани маблағгузориҳои иловагии давлатӣ зарур аст. Ҳамзамон, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии чорво дар байни аҳолӣ тақвият додан зарур аст. Иҷрои чорабиниҳои мазкур ба коҳиш додани сатҳи бемориҳои хавфноки ҳайвонот ва аҳолӣ, аз он ҷумла брутселлёз равона мегардад.

59. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», ки забҳи чорворо танҳо дар ҷойҳои махсуси ҷудошуда иҷозат медиҳад, иҷро намешавад. Дар аксар шаҳру ноҳияҳо забҳхонаҳои чорво бунёд карда нашудаанд, забҳи чорво асосан дар маҳалҳои аҳолинишин амалӣ гашта, метавонад боиси пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ шавад. Бинобар ин, барои ташкил ва бунёди забҳхонаҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳо оид ба ҷалби соҳибкорон пешбинӣ карда мешаванд, ки он барои ҳифзи солимии ҷомеа зарур буда, барои сари вақт мусодираи маҳсулоти зарарнок мусоидат менамояд.

60. Дар самти ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ аз ҷониби маркази миллӣ ва марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ тадқиқоти органолептикӣ, бактериологӣ ва кимиёвию токсикологии маҳсулоти чорво ва растанӣ, инчунин об, хок, хӯроки чорво ва ғайра гузаронида мешавад.

61. Мутобиқи Регламенти техникии бехатарии хӯрокворӣ 010-2016 шир ва маҳсулоти гӯштӣ бояд ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ бошад. Ҷиҳати муайянсозии бехатарӣ ва дорои барангезандаҳои бемориҳои сироятии хавфнок набудани онҳо гузаронидани ташхисҳои озмоишӣ ҳатмӣ мебошанд.

62. Барои гузаронидани чунин намуди ташхисҳо то ҳанӯз усулҳои классикӣ истифода бурда мешаванд. Аз рӯи регламенти техникӣ бошад, бояд шир ва маҳсулоти гӯштӣ дар асоси гурӯҳи нишондиҳандаҳои бехатарӣ (нишондаҳои узвӣ, зичӣ, равғаннокӣ, сафедаҳо, бақияи моддаҳои хушк, ҳиссаи об, дараҷаи яхкунӣ, туршнокӣ, хуҷайраҳои соматикӣ, нишондодҳои радиологӣ, бақияи антибиотикҳо, уфунати бактериологӣ) мавриди санҷиш қарор дода шавад. Дар айни замон, дар ташхисгоҳҳо шароитҳои

 муосири ташхисӣ барои муайян намудани ҷузъҳои зарарнок, пеститсидҳо, диоксинҳо ва меламинҳо дар таркиби шири хом фароҳам оварда нашудаанд.

63. Ҳамзамон, дар озмоишгоҳҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ бинобар сабаби набудани маводи ташхисии зарурӣ ташхис оид ба муайян намудани як қатор бемориҳои хатарнок, аз қабили лейкоз, сӯхтании сибирӣ, листериоз, зукоми паранда ва илтиҳоби шадиди пӯст бо усулҳои муосир ташхиси пурра гузаронида намешавад.

64. Дар доираи Барнома аз нав таҷҳизонидани ташхисгоҳҳо, харидории таҷҳизоти замонавӣ, маводи ташхисӣ, реагентҳои зарурӣ ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин таъсиси озмоишгоҳҳои сайёри аввалия дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ пешбинӣ мешаванд. Бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони он барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифати ташхисҳо, инчунин мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳимро мебозад.

65. Чорабиниҳо дар самти рушди соҳаи чорводорӣ – тавассути ин чораҳо баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда тибқи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №160 тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида истодаанд.

66. Ба сатҳи дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ як қатор омилҳо, ба мисли болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ, тағйирёбии иқлим, офати табиӣ ва ногувориҳои иҷтимоӣ  таъсири худро мерасонанд.

67. Вазъи қиёсии хароҷот барои хӯрокворӣ нисбати андозаи миёнаи ҳадди ақал дар ҳудуди мамлакат аз 46,6 то 55,6 фоиз мебошад. Чунин ҳаҷми хароҷот (223,96 сомонӣ) барои озуқавории гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, оилаҳои серфарзанд, шахсони қобилияти маҳдуддошта, шахсони пиронсоли танҳо, нафақагироне, ки андозаи ҳадди ақали нафақаро (593,44 сомонӣ дар соли 2015) мегиранд, имконнопазир мебошад.

68. Гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки наметавонанд мустақилона даромад гирифта, ба маҳсулоти хӯрокворӣ дастрасӣ пайдо намоянд, бештар рӯзгузарониашон аз кумакҳои иҷтимоиву нафақа ва ба андозаи камтар аз даромадҳое, ки тариқи корҳои кироя ба даст меоранд, вобаста аст. Ин омил мафҳуми «дастгирии давлатӣ»-ро барои ин мақсадҳо боз ҳам васеътар ва устувортар мегардонад. Яъне дастгирӣ (дотатсия)-и давлатӣ бояд барои ин гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ назаррас бошад.

69. Аз ин лиҳоз, дарёфти роҳу воситаи ҳавасмандии чунин табақаҳои аҳолӣ барои гирифтани даромади миёна ба ҳар як нафар аҳолӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат оид ба беҳдошти дастрасӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ бошад. Инчунин таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунанда дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти доимӣ доир ба мониторинги бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти озуқаворӣ ва таҳияи мунтазами меъёрҳои сабади истеъмолии аҳолӣ ба ҳар як одам ба нақша гирифта мешавад.

70. Шуғл, махсусан шуғли аҳолие, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, яке аз мақсадҳои асосӣ барои гирифтани даромад ва дастрасӣ пайдо намудан ба маҳсулоти озуқаворӣ мебошад. Дар деҳоти мамлакат имкониятҳо барои шуғли аҳолӣ маҳдуд мебошанд.

71. Новобаста ба он ки нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ дар маҳалҳо баланд аст, аҳолии деҳот наметавонад дар муқоиса бо аҳолии шаҳр даромади кофӣ ба даст орад.

 Хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ низ ба гурӯҳи хавф дохил мешаванд ва дар марҳилаи буҳрон ва таваррум барои дастрасӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ имкониятҳои маҳдуд доранд.

72. Бо мақсади таъмин намудани дастрасии устувор ба маҳсулоти озуқаворӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳифзи онҳо аз нархҳои гарони маҳсулоти озуқаворӣ зарур аст, ки устувории нархҳои дастрас дар бозори истеъмолии дохилӣ ва дастгирии давлатӣ ҷиҳати даромаднокии иловагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таъмин карда шавад.

73. Барои таъмини устувории нархҳои дастрас дар бозори истеъмолии дохилӣ

бояд:

- устувории сарватҳои моддии захираи давлатии Агентии захираҳои моддии

давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад;

- механизми сабук гардонидани таъсиррасонии хатарҳои иқлимӣ ба дастрасии маҳсулоти озуқаворӣ ташкил карда шавад;

- низоми чандири омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон оид ба идоракунии масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ ташкил карда шавад;

- дастрасӣ ба иттилоот оид ба бехатарии озуқаворӣ таъмин карда шавад.

74. Ҳамзамон, ҳавасмандгардонии сатҳи даромаднокии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо мақсади таъмини дастрасӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар намудани малакаи гирифтани даромади иловагӣ, хусусан барои аҳолии деҳот зарур аст.

3. ИДОРАКУНИИ РАВАНДИ АМАЛИГАРДОНӢ, МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА МОНИТОРИНГИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМА

75. Барнома тавассути Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023 амалӣ карда мешавад (замимаи 1).

76. Идоракунии раванди амалигардонии Барнома чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таҳлили системавӣ ва баҳодиҳии амалисозии нақшаҳои солона барои қабул намудани қарор оид ба пешрафти нисбии иҷрои Барнома;

- асосноккунии хароҷоти зарурӣ барои иҷрои чорабиниҳо ва лоиҳаҳои Барнома;

- муайян намудани сарчашмаҳои иловагии эҳтимолии маблағгузорӣ барои татбиқи чорабиниҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории Барнома;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои амалинамоии чорабиниҳо ва вазифаҳои гузошташуда дар доираи амалишавии Барнома;

- ташкили муҳити зарурӣ барои идоракунӣ ва танзимнамоии амалигардонии самараноки Барнома ва Нақша;

- ба роҳ мондани низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ, ошкор намудани қафомониҳо аз иҷрои мақсаду вазифаҳо, таҳлили сабабҳо ва ворид намудани тасҳеҳоти зарурӣ.

77. Фаъолияти мувофиқашудаи якҷояи тамоми ҷонибҳои ҳавасманд дар маҷмӯъ оид ба татбиқи Барнома дар заминаи ҳамоҳангсозии умумӣ аз ҷониби раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

78. Вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои баррасии вазифаҳои мушаххаси Барнома масъул мебошанд, чунин мебошанд:

- сафарбаркунии маблағҳои зарурии буҷетӣ;

- ҳамоҳангсозии ҷалб намудани маблағгузориҳои муштарак;

- ташкили шароити институтсионалӣ барои бахши хусусӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ оид ба ширкат дар татбиқи Барнома.

79. Маблағгузорӣ, шарикӣ ва саҳм гирифтан дар амалигардонии Барнома татбиқи амалии чорабиниҳои Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои

 

2019-2023 захираҳои муайяни молиявиро тақозо менамояд. Барои татбиқи амалии Барнома тибқи дурнамои манбаъҳои маблағгузорӣ ҷудо намудани маблағи 72,5 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки аз он 25,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби манбаъҳои буҷети давлатӣ ва 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳо мебошад.

80. Ҳалли масъалаҳои асосии таъмини бехатарии маҳсулоти озуқавории мамлакат ва рушди бахши аграрӣ танҳо бо роҳи истифодаву сафарбаркунии захираву имкониятҳои идоракунии давлатӣ ва минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин созмонҳои байналмилалии донорӣ имконпазир аст.

81. Бинобар ин, барои амалигардонии Барнома ҷалб ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, зарур аст.

82. Айни замон қариб 20 созмони байналмилалӣ дар амалигардонии лоиҳаву грантҳо вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва рушди комплекси агросаноатӣ саҳм мегиранд, ки инҳо: Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти Озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Комиссияи Аврупо, ЮСАИД ва дигар донорҳо мебошанд.

83. Маблағгузории татбиқи чорабиниҳои Барнома дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, маблағҳои худии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор, инчунин соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) амалӣ карда мешавад (замимаи 2).

84. Барои ноил шудан ба мақсад ва самтҳои афзалиятноки Барнома вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби кумаки беруна тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

85. Нишондиҳандаҳо, мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома мониторинги мунтазам ва баҳодиҳии иҷрои Барнома воситаи самараноки назорати рафти татбиқи он ба шумор рафта, барои қабули қарорҳои зарурӣ ва саривақтӣ ба воситаи ворид намудани тасҳеҳот дар нақшаи татбиқи Барнома мусоидат мекунанд.

86. Бо ҷонибҳои манфиатдор мувофиқа намудани нақшаи солонаи амалигардонии Барнома (солҳои 2019-2023) аз рӯи маҷмӯи нишондиҳандаҳо ҷузъи ҷудонашавандаи мониторинг ва баҳодиҳии амалигардонии Барнома дар самти иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯи чор самти мақсадноки Барнома ба шумор меравад. Нишондиҳандаҳои мониторинг ва баҳодиҳии нақша барои солҳои 2019-2023 ва нақшаҳои солонаи чорабиниҳо/амалҳо тавсифоти миқдорӣ ва сифатиро муайян мекунанд.

87. Дар асоси маълумоти мониторинг баҳодиҳии самаранокии татбиқи Барнома мунтазам амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни баҳодиҳии мазкур таҳлили мушаххаси натиҷаҳо ва дастовардҳо гузаронида шуда, камбудиҳо ва нуқтаҳои заифи иҷрои чорабиниҳои Барнома муайян мегарданд. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада оид ба имкониятҳои алтернативӣ барои фаъолияти минбаъда, азнавтақсимкунии захираҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва қонеъ гардонидани чашмдошти ҷомеа қарорҳои дахлдор қабул карда  мешаванд.

88. Бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор мувофиқа намудани нақшаи солонаи амалигардонии Барнома бо маҷмӯи нишондиҳандаҳои он ҷузъи таркибии мониторинг ва баҳодиҳӣ барои пешрафти афзалиятҳо, ки барои то соли 2023 дар доираи Барномаи мазкур муайян гардидаанд, ба шумор меравад.


Нақшаи чорабиниҳо


Замимаи 1 ба Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023


оид ба татбиқи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Мақомоти масъул

Системаи ирригатсионӣ

1.

Таъмини истифодаи самараноки захираҳои об ва нигоҳдории системаи ирригатсионӣ

Доимӣ, то соли 2023

Вазорати    кишоварзӣ,                 Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ

2.

Пешгирии камшавии заминҳои киштшаванда, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки онҳо

Доимӣ,

то соли 2023

Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезӣ

Рушди соҳаи растанипарварӣ

3.

Баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ (гандум, пахта, картошка, зироатҳои лӯбиёгӣ, сабзавот ва полизиҳо) ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши онҳо

Доимӣ, то соли 2023

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи

илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

4.

Гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи майдони кишти зироатҳо ва боғу токзорҳо аз касалию ҳашароти заррарасон

Доимӣ, то соли 2023

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

5.

Таъсиси захираи эҳтиётии моддаҳои кимиёӣ барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон

Соли 2019

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ

6.

Бунёди қитъаҳои карантинӣ барои санҷиш ва муайян намудани мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ дар ниҳолу тухмии аз хориҷи кишвар воридгардида

Солҳои 2019 -

2020

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

         


7.

Сохтмони камераҳои безарар-гардонӣ (камераҳои фумигат-сионӣ) дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо

Солҳои 2019-2020

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

8.

Гузаронидани корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорон ҷиҳати сари вақт нест кардани алафҳои бегона, ҳолатҳои ошкоркунии ҳашароту касалиҳои карантинӣ, инчунин назорати доимии киштзорҳо, дарахтзорҳо, боғу токзор, ҷангалзорҳо, боғу гулгаштҳо, мавзеи атрофи анборҳо ва корхонаҳое, ки дар онҳо маҳсулоти озуқаворӣ нигоҳ дошта ё коркард мешаванд

Доимӣ, то соли 2023

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи                маҳаллии                ҳокимияти давлатӣ

Рушди саноати коркард ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ

9.

Таҳкими иқтидори истеҳсолии корхонаву ташкилотҳои давлатии захираҳои моддӣ, мукаммалгардонии усули идоракунии захираҳои озуқаворӣ, системаи мониторинг ва омӯзиши мутахассисони системаи захираҳои моддии давлатӣ

Доимӣ, то соли 2023

Вазорати            саноат                         ва технологияҳои нав,

Агентии      захираҳои                     моддии давлатӣ,                      иттифоқи

«Тоҷикматлубот»

Идоракунии воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ

10.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорати воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба бозори истеъмолии мамлакат:

-           таъсиси озмоишгоҳҳои сайёри бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ;

-    бунёд ва азнавсозии инфрасохтори нуқтаҳои назорати бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад;

-   таъсиси махзани маълумоти электронӣ оид ба воридоту содироти маҳсулоти озуқаворӣ;

-      баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ

То соли 2023

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,                                      Агентии

стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот

Бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ

11.

Танзими    давлатии   истеҳсол,                воридот, гардиш ва истифодаи заҳрхимикатҳо

Соли 2019

Вазорати    кишоварзӣ,                 Кумитаи ҳифзи муҳити зист

12.

Такмили            феҳристи                        давлатии

заҳрхимикатҳо ва агрохимикат-ҳои дар ҳудуди                  Ҷумҳурии               Тоҷикистон барои

Соли 2019

Вазорати    кишоварзӣ,                 Кумитаи ҳифзи муҳити зист

         


истифода иҷозатдодашуда

13.

Такмили танзими давлатии истеҳсол, воридот ва истифодаи маводи доруворӣ барои ҳайвонот

Соли 2019

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

14.

Таҳияи номгӯи нави маводи байторӣ, боз ҳам соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ

ва иҷозатномадиҳии истеҳсолкунандагон, хусусан истеҳсолкунандагони ватанӣ

Соли 2019

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

15.

Ба роҳ мондани фаъолияти Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот, низоми

«НАССР» (Низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои назоратии таҳдидомез), стандартҳои ИСО 22000 ва

Қоидаву меъёрҳои санитарии Кодекси Алимен-тариус

То соли 2023

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии                        стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

16.

Ба роҳ мондани фаъолияти Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои истеъмолӣ аз рӯи регламенти техникӣ:

-   гузаронидани санҷиши пурраи шир ва маҳсулоти гӯштӣ дар асоси гурӯҳи нишондиҳандаҳои бехатарӣ (нишондаҳои узвӣ, зичӣ, равғаннокӣ, сафедаҳо, бақияи моддаҳои хушк, ҳиссаи об, дараҷаи яхкунӣ, туршнокӣ, хуҷайраҳои соматикӣ, нишондодҳои радиологӣ, бақияи антибиотикҳо, уфунати бактериологӣ);

-    барои ба роҳ мондани тадқиқот дар самти муайян намудани бемориҳои хатарнок, аз қабили лейкоз, сӯхтании сибирӣ, листериоз, зукоми паранда ва илтиҳоби шадиди пӯст харидории таҷҳизоти ташхисии зарурӣ;

-               азнавтаҷҳизонии ташхисгоҳҳо, харидории таҷҳизоти замонавӣ, маводи ташхисӣ, реагентҳои зарурӣ ва бозомӯзии кадрҳо;

-   таъсиси озмоишгоҳҳои сайёри аввалия дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ

То соли 2023

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии                        стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Таъмини сиҳатии чорво

17.

Зиёд    намудани    маблағгузории           фонди чорабиниҳои           зиддиэпизоотӣ                бо            роҳи

маблағгузории    иловагии    давлатӣ                          ва

То соли 2023

Вазорати       молия,                    Кумитаи давлатии                    сармоягузорӣ                    ва

идораи амволи давлатӣ,


ҷалби    кумаки    беруна        аз             ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

18.

Бо мақсади ба роҳ мондани назорати гардиши чорво ва пешгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла маъракаи эмгузаронӣ, амалӣ намудани нишонагузории ҳайвоноти аҳолӣ дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010,

№97 «Дар бораи нишонагузории ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

То соли 2023

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

19.

Дарёфти манбаъҳои маблағгузо-рӣ барои ташкили мусодира ва нобуд намудани (забҳи санитарӣ) чорвои мубталои беморӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        аз 3 апрели соли 2012,

№156 «Дар бораи Тартиби пардохти ҷуброни зарар ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти аз ҳайвонот        истеҳсолшудаи        барои

саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок»

То соли 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

20.

Тақвияти корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ   дар    байни    аҳолӣ оид      ба      моҳияти      суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии чорво

То соли 2023

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Корхонаи воҳиди                                    давлатии

«Тоҷиксуғурта»,                                    мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

21.

Тибқи     талаботи     Қонуни              Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар   бораи   байторӣ»   бо

ҷалби   соҳибкорон   бунёди            забҳхонаҳои чорво дар шаҳру ноҳияҳо

То соли 2023

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ

22.

Таъмини устувории сарватҳои моддии захираи давлатии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

То соли 2023

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Агентии захираҳои моддии давлатӣ

23.

Ҳавасмандгардонии молиявии гурӯҳи осебпазири аҳолӣ бо мақсади дастрасӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар намудани малакаи гирифтани даромади иловагӣ, хусусан барои аҳолии деҳот

То соли 2023

Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ