ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «Дар бораи тухмипарварӣ» №355, аз 5.01.2008 с.
БОБИ 5. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ НАЗОРАТИ НАВЪӢ ВА ТУХМӢ
Моддаи 21. Талаботи умумӣ барои назорати навъӣ ва тухмӣ
Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати навъӣ ва тухмиро қонуни мазкур муайян менамояд. Назорати навъӣ ва тухмӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тухмипарварӣ ва санадҳои дар асоси он қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тухмипарварӣ амалкунанда анҷом дода мешавад.
Сертификатсияи тухмӣ ва назорати тухмӣ нисбати киштҳо ва тухмии мансуби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие анҷом дода мешавад, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият доранд. Тухмӣ ва ё ниҳолҳо бояд аз назорати навъӣ ва тухмӣ гузаронида шаванд.
Барои муайян намудани навъ ва сифати тухмӣ усул, мафҳумҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии тухмипарварӣ, ҳамчунин воситаҳои ягонаи техникӣ истифода мешаванд.
Сифати тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян карда мешавад. Нишондиҳандаҳои сифат барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растаниҳо муайян карда мешаванд.
Моддаи 22. Назорати навъӣ
Назорати навъии тухмӣ маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки он аз назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ иборат мебошад.
Барои навъҳои ба фурӯш пешбинишуда дар ҳолати истифодаи нақшаи назорат анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ҳатмӣ мебошад.
Тартиби анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ, инчунин бақайдгирии киштҳои тухмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Назорати тухмӣ
Назорати сифати тухмӣ бо роҳи интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ амалӣ мегардад.
Интихоб ва ташхиси намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии барои фурӯш пешниҳодшуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ва ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аккредитатсияшуда анҷом дода мешавад.
Тартиби аккредитатсияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳуқуқи интихоби намунаи тухмӣ ва муайян кардани сифати киштбобии тухмии растанӣ мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.
Интихоби намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмии барои аз ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда ва ташхиси он мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 24. Сертификатсияи тухмӣ
Мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал нақшаи сертификатсияи тухмиро барои намудҳои растаниҳои сертификатсияшаванда муайян мекунад.
ҳар як маҷмӯи тухмӣ, ки барои фурӯш пешбинӣ шудааст, бояд сертификатсия шавад.
Сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ дода мешаванд.
Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал муайян мекунад.
Моддаи 25. Шаҳодатномаи сифати тухмӣ
Шаҳодатномаи сифати тухмиро мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал медиҳад. Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва сертификатсияи тухмӣ ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ метавонад дар асоси ташхиси лабораторӣ шаҳодатномаи тозагии навъ диҳад.
Вазифа ва функсияҳои шуъбаи назорати тухмии Раёсати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷииктстон
– назорати навъҳо, тухмӣ ва ниҳолҳо;
– назорат ва танзими фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ;
– сертификатсияи тухмӣ ва ниҳолҳо;
– ташкил ва амалӣ намудани назорати навъҳо ва тухмии гурӯҳҳои алоҳидаи тухмӣ;
– назорати сифати ҳар як маҷмӯи тухмӣ ва ниҳоли барои фурӯш пешбинишуда;
– гузаронидани таҳлилҳои назоратӣ, муқоисавӣ, мураккаби тухмӣ, инчунин экспертизаи он;
– назорати фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва ниҳолҳо;
– омода намудани меъёрҳои илман асоснокшудаи сифати тухмӣ ва таҷҳизоти техникии ташхиси сифати тухмӣ барои истифода дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон;
– амалӣ намудани фаъолияти ташкилӣ ва методӣ барои таъмини риояи стандартҳои давлатӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ ҳангоми ташхиси сифати тухмӣ;
– ташкил ва назорати стандартикунонии дохилӣ ва байналмилалии тухмӣ, ниҳолҳо ва усулҳои ҳаммонандкунии онҳо, банақшагирӣ ва идоракунии ин фаъолият;
– назорати риояи стандартҳои давлатии тухмӣ ва ниҳолҳо аз ҷониби хоҷагиҳо, ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки бо истеҳсол, такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот, фурӯши тухмӣ ва ниҳол машғуланд;
– тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани семинарҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи фаъолият;
– дар доираи маблағҳои пешбинигардида барои кормандони худ ташкил намудани курсҳои махсус дар дохили кишвар ва берун аз он;
– банақшагирӣ ва амалӣ намудани назорати мутамаркази сифати тухмӣ ва ниҳолҳо, инчунин ташкил ва гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ва ниҳолҳо;
– назорати навъ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории навъу сифати тухмӣ бо мақсади сертификатсияи маҷмӯи тухмии ба фурӯш пешниҳодшуда;
– таҳияи усулҳо ва меъёрҳои интихоби намунаи тухмӣ ва арзёбии сифати он;
– таҳияи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, усулҳои назорати навъ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхисҳои лаборатории навъхо;
– санҷиши стандартҳои нави соҳавӣ ва таҷҳизоти нави барои ташхиси тухмӣ пешбинишуда ва барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод намудани онҳо;
– ҷамъоварии маълумот дар бораи назорати сифати тухмӣ, ниҳолҳо, сертификатсия ва ташкили маҳзани маълумот;
– тибқи тартиби муқарраргардида интихоб ва ташхиси намунаҳои тухмӣ, инчунин ташкил намудани нигохдории онҳо;
– пешниҳоди таклифҳо барои беҳтар намудани сифати тухмӣ;
– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун назорат кардани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо истеҳсол, такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот ва фурӯши тухмӣ машғуланд ва ба таври ройгон гирифтани маълумоти зарурӣ аз онҳо;
– ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ манъ кардани фурӯш ё истифодаи тухмӣ, инчунин ниҳолҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ тибқи қонунгузорӣ;
– тартиб додани протоколҳо, санадҳо ва амрномаҳо нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои тартиби истеҳсол ва такрористеҳсолкунӣ, коркард, воридот, содирот ва фурӯши тухмию ниҳолҳо;
– додани сертификатҳои сифат дар асоси натиҷаи сертификатсия ба маҷмӯи тухмӣ ва ниҳолҳо;
– додани шаҳодатномаи навъ ва сифат дар асоси ташхиси лабораторӣ ба тухмии аслӣ, элита ва репродуксионӣ;
– додани тамғакоғаз ва тамғаҳои муқарраршуда ба борҷомаю воситаҳои борбандии ҳар як маҷмӯи тухмии сертификатсияшуда;
– додани дастуру пешниҳодҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба риоя нагардидани қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд;
– додани тавсияҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати сертификатсияи тухмӣ, тартиби хуҷҷатҳои меъёрӣ, усулҳои нав ва таҷҳизоти ташхиси сифати тухмӣ;
– ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии соҳа оид ба сертификатсияи тухмӣ;
– амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.