Корҳои назоратӣ дар самти фитосанитарӣ
Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз маҳсулоти пастсифати полезиҳо, муайян намудани дараҷаи нитратнокӣ дар маҳсулотҳои полезие, ки дар кӯчаю роҳравҳо ва бозорҳои истеъмолӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, санҷиш гузаронида шуд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар озмоишгоҳҳо зиёда аз 268018 ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза ва 9275 ташхиси маҳсулотҳои полезӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 105178 кг меваю сабзавот ва 3622 кг маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шуд.
Ғайр аз ин, аз тарафи Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавии милитсия бо мақсади пешгирӣ аз маҳсулоти пастсифати полезиҳо ва муайян намудани дараҷаи нитратнокӣ дар маҳсулотҳои полезие, ки дар роҳраву кӯчаҳо ва бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда шуда буд, санҷиш гузаронида, аз бозорҳои истеъмолии ноҳияи Сино 15 намунаи маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла аз бозори “Деҳқон” 7 намуна, аз бозори “Зарафшон” 6 намуна, аз бозори “Балеҷавон” 7 намуна гирифта шуда, барои муайян намудани миҷдори нитрат ба озмоишгоҳҳои ММТБО фиристода шуд. Тибқи натиҷаҳои ташхиси нишондиҳандаҳои кимиёвӣ-заҳрогенӣ дар ҳамаи 15 намуна дараҷаи нитратнокӣ ба талаботҳо ва меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯй дониста шуд.
Инчунин, аз тарафи гурӯҳи корӣдар маҳсулотҳои полезии (тарбуз) аз ҷониби шаҳрванд Ахмедова О. истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Х.Ҳакимзода, хонаи №58 ба фурӯш баровардашуда, дараҷаи нитратнокӣ аз меъёри муқарраргардида баланд муайян карда шуда, вобаста ба ин ҳолат нисбати Ахмедова О. бо дастрасии моддаи 283 КҲМ ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣтартиб дода шуда, ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда шуд. Аз ҷониби гурӯҳҳои кории дар назди Марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъсис дода шуда, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 21-адад ташхис, Спитамен 71-адад ташхис, Хуҷанд 10-адад ташхис, Ашт 30-адад ташхис, Панҷакент 26-адад ташхис, Истиқлол 2-адад ташхис, Мастчоҳ 25-адад ташхис, Конибодом 93-адад ташхис, Деваштич 43-адад ташхис ва шаҳри Гулистон 20-адад ташхиси полезиҳо гузаронида шуда, дар натиҷа 13 дона тарбуз ва 12 дона харбуза бинобар сабаби ба истеъмол ҷавобгӯ набудан нобуд карда шуд.
Бояд ҷайд намуд, ки аз ҷониби Марказҳои таъминоти бехатарии озуҷаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят 53 699 намунаи меваю сабзавот, 1750 дона тарбузу харбуза аз санҷиш гузаронида шуд, аз ин 45513 килограмм меваю сабзавот ва 1841 килограмм полезиҳо бинобар сабаби ба талаботҳои истеъмолӣ ҷавобгӯнабудан аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шуд.
Корҳои назоратӣ дар ин самт мунтазам идома дошта, ҳамарӯза зери назорати мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ қарор дорад.