Кушодашавии маркази таъминоти бехатарии озуқавори дар нохияи Сангвор
Рузи 28 октиябри 2022 дар маркази ноҳияи Сангвор бинои нави Маркази бехатарии озуқаворӣ бо иштироки муовини сарвазир Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода C.,раиси Кумитаи бехатарии озуқавориФайзуллозода М ва раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М. кушода шуд.Бинои марказ аз ду ошиёна иборат буда,лабаратория ва утоқҳои корӣ ва хобгоҳ барои меҳмонон мавҷуд аст.Зимни кушодашави муовини сарвазир нисбат ба масълаи беҳдошти чорводори ва чарогоҳҳо дар ноҳияи Сангвор сухан намудаанд.Аз ҷумла муовини сарвазир Зиёзода C. ба кормандони маркази Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Сангвор дастур доданд,ки аз ин минбаъд тамоми мушкилоти чорвои мавсими, ки аз вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои Ҷумҳурӣ ба ноҳияи Сангвор ворид мешавад бояд ҳатман хунгири шуда барои ҷо ба ҷо гузоранд, қаблан ба чарогоҳҳо аз чор роҳҳои гузаргоҳи дар ноҳияи Сангвор буда истифода баранд.Доруҳои мавсимӣ барои безарар гардонии баъзе касалиҳоӣ чорвои майда муҳим ҳастан тамин карда шаванд. Ғайр аз ин муовини сарвазир мамлакат барои хунгири,ки мушаххас намудани баъзе бемориҳо дар байни чорво хаст дастуру супоришҳо додаанд.Зимни суханрони раиси Кумитаи бехатарии озуқавори иброз доштаанд,ки дар шаҳру ноҳияҳо Ҷумҳури 13 марказҳои нав кушода шуд.Ин марказ дар ноҳияи Сангвор буда бо дастгирии бе воситаи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бунёд шудааст,ки боиси дастгирист.