Кушодашавии маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар н.Роштқалъа
Рӯзи 16-уми сентябр дар маркази н.Роштқалъа маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои нав Раиси Кумитаи Бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоиҷкистон муҳтарам Файзуллозода М.У, муовини аввали Раиси ВМКБ Мирзозода Низом, Раиси н.Роштқалъа Шомирзозода Аъзам ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.Бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ аз 2-ошёна ва 8-ҳуҷраи корӣ иборат буда дар он тамоми таҷҳизотҳои навӣ лабараторӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.Фаъолияти марказ аз ин баъд боз ҳам беҳтар шуда,барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа мусоидат хоҳад кард.Бояд зикр кард, ки наздик ба 5-соли фаъолияташ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-умин бинои наву дорои тамоми шароитҳои ҷавобгу ба талаботи имрӯзаро сохта ба истифода додааст.Масъулини Кимитаи бехатарии озуқаворӣ тасмим дорад то арафаи ҷашнгирии 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиктсон боз даҳҳо иншоотҳои наву лозимаи соҳавиро бунёд намоянд.