Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

Сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Зафаробод

raissugdБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод маҷлиси машваратӣ гузаронида, дар ҷамоатҳо ва деҳоти ноҳияи Зафаробод, ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мардум суҳбату мулоқот доир намуданд.

raissugd1Баҳри вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, бахусус кишти зироати барвақтӣ, корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самаранокии ҳар ваҷаб заминҳои кишт, махусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бо сокинон тавсеаҳои судманд доданд.

Санаи 5 апрели соли равон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаии таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия, ки дар як баст 430 хонанда ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бошад 264 хонанда таҳсил менамоянд, дидан намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо омӯзгорону кормандони ин муассисаҳо ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, ибрози назар намуданд.

raissugd4     Дар идомаи сафари корӣ, раиси Кумита аз боғи интенсивии себи навъи Голден, ки дар  масоҳати 4 гектар бунёдёфта ва аз пойгоҳи обкашии хоҷагии деҳқонии “Нур Тумур”-и ҷамоати Ҷомӣ, ки бо дарозии пойгоҳи обкашӣ бо қубури диаметри 350мм ва дарозии 700 метр ва қудрати 500м3 обро доро аст, дидан намуданд. 

Гармхонаи корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии коммуналии ноҳия, ки барои таъминот бо гулҳои мавсимӣ фаъолият мебарад ва дар раванди ободонию зебопарастии ноҳия саҳми босазо дорад, маврид ба зикр аст. Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани гармхона, ба масъулон ва мутахассисон маслиҳату машварати корӣ гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 30 марти соли 2022  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 10 апрели соли равон ба  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидаанд.

Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа