ВАКСИНА КАФИЛИ САЛОМАТИИ МОСТ
Имрӯзҳо дар як қатор минтақаҳои олам навъҳои гуногуни бемории сироятии Ковид-19 бо суръат паҳн гардида истодааст, ки ин ҳолат боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ хосатан ташкилот ва созмонҳои тандурустии байналмилалӣ гардидааст. Мутахассисони соҳа яке аз роҳҳои асосии пешгирии сирояти мазкурро дар гирифтани ваксина арзёбӣ менамоянд.
Бо мақсади пешгирии ин бемории сироятии COVID-19 санаи 14 январи соли 2022 роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар зерсохторони ин ниҳод пас аз шаш моҳи гирифтани вояи якуму дуюм, аллакай вояи сеюми ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19 ро гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад, бо татбиқи сиёсати дурандешонаи Роҳбари мушфиқу ғамхори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он марҳиллаи басо хатарафзоро мо бо сабукиҳо паси сар намудем.
Аз ин лиҳоз месазад, ки барои сиҳатии худ, эмин нигоҳ доштани фарзандону наздикон аз сирояти бемори сироятии COVID-19 ваксина бар зидди бемории мазкурро гирем ва саҳми арзишманди хешро дар самти солимии ҷомеа гузорем, зеро таъмини солимии худ кафолати сиҳатии оила, ҷомеа ва давлат аст.
Бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон