Кумитаи бехатарии озуқавории
назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН: (+992 37) 221-53-39 | 221-54-01 | 227-97-25

ФАЙЗУЛЛОЗОДА МУҲАММАДСАИД УБАЙДУЛЛО

раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло 12 августи соли 1964, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Миллат тоҷик 

Солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намудааст.

Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро  бо ихтисоси  сохтумон санотчӣ ва соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.

Донандаи хуби забони русӣ буда, фаъолияти кори меҳнатиашро соли 1981, шуруъ карда,  то ба имрӯз дар зинахои гуногуни рохбарӣ фаъолият намудааст.

Аз 07.08.2018 тахти №1081 бо медали «Хизмати шоиста»  мукофотонида шуда, ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2019 таҳти № 1345 рутбаи махсус генерал майори адлия дода шудааст.

Аз 30.10.2019 бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №523, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Оиладор мебошад.