Таърих
Кумитаи бехатрии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушди кишвар ҳадафҳои стратегии худро интихоб намуд, ки яке аз он расидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он дар мамлакат мебошад.
Бо ин мақсад, чиҳати таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти сифатан баланд ва бехатари озуқаворӣ дар доираи барномаҳои махсус таваҷҷуҳи ҳамешагӣ равона гардида, аз оғози соҳибистиқлолӣ то инҷониб даҳо барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шуданд. Амалишавии барномаҳои соҳавӣ бошанд, имкон доданд то заминаҳои рушд дар кишвар таъмин карда шавад.
Вале солҳои охир бо саҳлангории мутахассисони соҳа, маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ аз хориҷ ба кишвар ворид карда мешуданд, ки бо истеъмоли он бисёре аз шаҳрвандон мубталои бемориҳои гуногун гардиданд. Бо дар назардошти ҳолати ба амал омада, санаи 28 ноябри соли 2017, дар Маҷлиси Ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ворид гардидани маҳсулоти пастсиват ва ба саломатии шаҳрвандон зараровар изҳори нигарони намуда, иброз дошта буданд, ки барои рафъии ин мушкилот мебояд сохтори алоҳидаи назоратбарнадаи таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар мамлакат, таъсис дода шавад.
Ҳамин буд, ки санаи 29 декабри соли 2017, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №595, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсисёбии Кумита, кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкороне, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар, маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд, дониста мешавад.
Аз ин ру, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ махсусан дар заминаи тадбиқёбии «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», фаъолияташро дар самти бойторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотҳое, ки дар кишвар мавҷуд ҳастанд ва ё аз хориҷ ба мамлакат ворид карда мешаванд аз санҷиш ва аз назорат гузаронида, бехатрии онҳоро муайян менамояд, дониста мешавад.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар зерсохторҳои он, тамоми дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ самти фаъолияти асосии худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди мамлакат сайъу талош намуда истодааст.